Июн 29, 2024 11:40 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии вазирони хориҷаи Эрон ва Арабистон; ҳушдори Боқирӣ дар бораи таҳдидҳои режими саҳюнистӣ алайҳи Лубнон

Алии Боқирӣ дар гуфтугӯ бо Файсал ибни Фарҳон гуфт: Режими мутаваҳҳими ишғолгари Қудс дар талош аст ба заъми худ шикаст дар Ғаззаро бо густариши доманаи ҷанг ва ҷиноят ба манотиқи дигар ҷуброн кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Алии Боқирӣ-сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯи ин телефонӣ перомуни мавзӯъоти мавриди алоқаи тарафҳо ва охирин таҳаввулоти марбут ба Фаластин ва ҷиноёти саҳюнистҳо ройзанӣ ва табодули назар кард.

  Алии Боқирӣ бо ишора ба ҳузури қоиммақоми Вазорати умури хориҷаи Арабистон дар нуздаҳумин нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви Маҷмаъи гуфтугӯи ҳамкории Осиё (acd) дар Теҳрон, раванди пешрафти ҳамкориҳои Теҳрон - Риёзро умедворкунанда арзёбӣ намуд.

 Боқирӣ бо ишора ба идомаи ҷиноёти ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Фаластин дар навори Ғазза ва Каронаи бохтарӣ таъкид кард: Таҳдидоти режими саҳюнистӣ алайҳи Лубнон дар тадовуми ҷиноёти ин режим алайҳи мардуми Ғазза аст.

 Файсал ибни Фарҳон низ зимни созанда арзёбӣ кардани ройзаниҳои ду кишвар дар ҳошияи нуздаҳумин нишасти вузарои хориҷаи кишварҳои узви Маҷмаъи гуфтугӯи ҳамкории Осиё дар Теҳрон, раванди равобити Теҳрон- Риёзро дорои истеҳкоми кофӣ донист.

 Вазири умури хориҷаи Арабистони саудӣ бо ибрози нигаронӣ аз ташдиди таниш миёни режими саҳюнистӣ ва Лубнон, талош барои коҳиши доманаи ҷангро хостор шуд.

 Тарафҳо ҳамчунин бар густариши муносиботи ҳамаҷониба миёни ду кишвар таъкид карданд.

 

 

Барчасп