Ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба ҷануби Димишқ
Ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ бо шиллики чанд мушак, ҷануби шаҳри Димишқ, пойтахти Сурияро ҳадаф қарор доданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, мушакҳои ин режим як маркази хадамот ва маҳалли таҷаммӯъи мошинолоти сохтмонсозӣ дар минтақаи Ҳуҷайра дар наздикии минтақаи Зайнабияро ҳадаф қарор доданд.
Маркази ёдшуда барои иҷрои тарҳҳои бозсозии вайронаҳои ҷанги террористӣ дар минтақаи ҷануби шаҳри Димишқ дар назар гирифта шуда буд.
Бино бар ин гузориш, ҳамзамон бо ҳамлаи душман ҳеҷ як аз коркунон дар маркази ёдшуда ҳузур надошт ва аз ин ру ин ҳамла танҳо талафоти моддӣ барҷой гузошт.
Ҳамзамон манобеъи хабарӣ аз ҳамлаи ҷангандаҳои саҳюнистӣ ба як пойгоҳи падофанди артиши Сурия дар минтақаи ҷануби Сурия хабар доданд.
Ин пойгоҳи артиши Сурия ҳарими ҳавоии марзи ин кишвар бо Урдун ва Фаластини ишғолиро пӯшиш медиҳад ва аз нуфузи ҷангандаҳои душман ба шарқи Сурия ҷилавгирӣ мекунад.