Июн 28, 2024 20:24 Asia/Dushanbe
  • Бозтоби интихоботи Эрон дар расонаҳо
    Бозтоби интихоботи Эрон дар расонаҳо

Баргузории чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон бозтоби густардае дар расонаҳои мухталиф доштааст.

Чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон барои таъйини нуҳумин раиси ҷумҳурӣ имрӯз (ҷумъа/ 28 июн) дар 59 ҳазор шуъбаи дохил ва 95 кишвари ҷаҳон дар ҳоли баргузорӣ аст.

Баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон ҳамвора мавриди тавваҷуҳи расонаҳои матраҳи хабарӣ дар саросари ҷаҳон буда ва ин давра низ ба сурати густарда ба пӯшиши ин рӯйдоди муҳим пардохтаанд.

Расонаҳо зимни инъикоси оғози интихоботи саросарӣ дар Эрон, ба бозтоби густардаи суханони имрӯз - ҷумъаи Раҳбари муаззами инқилоб баъд аз андохтани раъяшон ба сандуқ пардохтанд.

Шабакаи «Алҷазира» бо ишора ба рақобати чаҳор номзади аслии интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон, ҳузури Раҳбари муаззами инқилобро бозтоб дод.

Шабакаи хабарии «Алмаёдин» ҳам хабари бозгушоии шуъбаҳои раъй ба рӯи раъйдиҳандагонро дар хабари аввалияи худ бозтоб дод ва бо инъикоси суханони Раҳбари муаззами инқилоб, аз қавли эшон гузориш дод, ки иззати Эрон ва обрӯи ҷумҳурии исломӣ дар дунё мутаваққиф ба ҳузури мардум аст.

Ҳамчунин, шабакаи «Алманор» низ имрӯз - ҷумъа ба пӯшиши ахбори чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон пардохт ва аз ҳузури густардаи мардуми Эрон дар интихобот гузориш дод.

Хабаргузории расмии Сурия «Соно» низ гузориши марбут ба ҳузури Раҳбари муаззами инқилоб дар пои сандуқи раъй ва суханони эшон дар замон андохтани раъй ба сандуқро бозтоб дод.

Рӯзномаи «Раъй ал явм» ҳам ба раванди раъйгирии интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон ва ҳузури Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дақоиқи оғозини интихобот дар пои сандуқи раъй пардохт.

Шабакаи хабарии «Ал-Арабия» низ дар гузорише оғози раъйгирии чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эронро эълом кард.

Хабаргузории русии «Раша Тудей» ҳам ба ҳузури густардаи мардум дар интихоботи чаҳордаҳумин давраи раёсати ҷумҳурии Эрон ишора кард.

Бахши арабии “Индепендент” низ зимни бозтоби густардаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон навишт: Мардуми Эрон дар ин интихоботи зудҳангом шоҳиди рақобати як номзади ислоҳталаб ва чанд номзади усулгаро ҳастанду ҳадс задани натиҷаи ин интихобот дар сояи рақобати онон душвор аст.

Бахши арабии “Франс 24” ҳам дар ин хусус навишт: Эрон имрӯз - ҷумъа интихоботи раёсати ҷумҳурии зудҳангоми худро оғоз кард.

Сайти шабакаи амрикоии “Алҳурра” низ дар робита бо интихоботи имрӯз дар Эрон навишт: Субҳи рӯзи ҷумъа дарҳои марокизи ахзи раъй ба рӯи шаҳрвандони эронӣ боз шуду мардуми Эрон барои интихоб аз миёни чаҳор номзади боқимонда дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии исломии Эрон ба пои сандуқҳои раъй омаданд.

Расонаҳои Туркия низ имрӯз дар гузоришҳое ба бозтоби ҳузури пурранги мардуми Эрони исломӣ дар чаҳордаҳумин даври интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пардохтанд.

 

Барчасп