Июн 28, 2024 10:46 Asia/Dushanbe
  • Интихоботи президентии Эрон дар Тоҷикистон
    Интихоботи президентии Эрон дар Тоҷикистон

Фароянди интихоботи чаҳордаҳумин давраи раёсати ҷумҳурӣ дар Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон дар соати 8 (ба вақти Душанбе), рӯзи ҷумъаи ҳаштуми тирмоҳ (28 июн) оғоз шуд.

Ба гузориши Исна, интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон ҳамзамон дар дохил, дар соири кишварҳои ҷаҳон низ баргузор мешавад.

Дар ин давра аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҳудуди 61 миллион нафар дар дохилу хориҷ аз кишвар, ҳаққи ширкат ва раъй додан дар интихоботро доранд.

 

Барчасп