Канъонӣ: Изҳороти мақоми амрикоӣ алайҳи интихоботи Эрон газофагӯӣ ва мудохилаҷӯии ошкор аст
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар вокуниш ба иддаоҳои мақоми Амрико дар хусуси интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон гуфт: Ин изҳороти мақомҳои амрикоӣ газофагӯӣ ва мудохилаҷӯии ошкор аст.
Абраам Пели, муовини намояндаи вижаи Вазорати умури хориҷаи Амрико дар умури Эрон, рӯзи чаҳоршанбе (26 июн) муддаии адами баргузории интихоботи озоду одилона дар Эрон шудааст. Иддаое, ки бо вокуниши дастгоҳи дипломатии Ҷумҳурии исломии Эрон рӯ ба рӯ шуд.
Ба гузориши Ирна, Носири Канъонии Чофӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз (ҷумъа) изҳороти мудохилаҷӯёнаи Абраам Пелиро маҳкум карду гуфт: Миллати Эрон ҳамонанди гузашта дар ин интихобот низ бо мушорикати муассиру пуршӯри худ пои сандуқҳои раъй, посухи ин гуна изҳороти мудохилаҷӯёнаро муҳкам хоҳанд дод.
Канъонӣ афзуд, миллатҳои ҷаҳон осору натоиҷи демократияи амрикоиро дар дохили Амрико ва низ манотиқи мухталифи дунё дидаву таъми талхи онро чашидаанд. Ба таври намуна хуруҷии демократия ва ҳуқуқи башари амрикоӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ, ҷинояткоронеанд, ки дар ишғолгарӣ, нажодпарастӣ, ҷангу хунрезӣ ва иқдомоти террористӣ дар ҷаҳон шуҳра ва саромад ҳастанд.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон наҳваи бархӯрд бо донишҷӯёну асотиди донишгоҳҳои Амрико, ки муътариз ба наслкушӣ дар Фаластину сарзаминҳои ишғолӣ ҳастандро гувоҳи равшане аз корномаи Амрико дар заминаи ҳуқуқи башару озодии баён донисту гуфт: Дунё шоҳид аст, ки чӣ тавр бо зарбу шатм боздошти ғайриқонунӣ ва ихроҷ аз кор, суҳбат аз ҳуқуқи башар дар Амрико бадал ба шиоре холӣ шудааст.