Вазири дифоъи Покистон: Амрико ҳаққи мудохила дар умури моро надорад
Вазири дифоъи Покистон дар вокуниш ба судури қатъномаи Конгресси Амрико дар бораи лузуми таҳқиқот дар заминаи тақаллуб дар интихоботи саросарии Покистон гуфт, Амрико ба ҳеҷ унвон ҳаққи мудохила дар умури дохилии Покистонро надорад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Хоҷа Муҳаммад Осиф гуфт, Қатъномаи содиршуда тавассути Конгресси Амрико ҳеҷ арзише надорад.
Муҳаммад Осиф бо баёни инки ин амрикоиҳо ҳастанд, ки бояд бигӯянд интихоботи соли 2020-и ин кишвар шаффоф ва озод будааст ё хайр! афзуд, Доналд Трамп-раисҷумҳури пешин бо баёни инки дар интихоботи Амрико тақаллуб сурат гирифта аз пазириши натоиҷ худдорӣ кард.
Вазири дифоъи Покистон ҳамчунин аз нақши давлатҳои Амрико дар сарнагунии бисёре аз давлатҳои мардумӣ дар ҷаҳон интиқод кард ва гуфт, Амрико, ки масъули куштори бисёре аз мардум дар кишварҳои мухталиф аз ҷумла Ветнам, Ироқ, Сурия ва Либия аст, акнун чигуна дарси демокросӣ медиҳад.?
Вазорати умури хориҷаи Покистон низ бо судури баёнияе дар эътироз нисбат ба мудохилаи Амрико дар умури дохилии ин кишвар, эълом кард,қатъномаи Конгресси Америка баёнгари надоштани шинохт аз вазъияти сиёсӣ ва қонунҳои интихоботи Покистон аст.