Июн 27, 2024 11:24 Asia/Dushanbe
  • Эрон : Амрико бояд комилан аз Сурия хориҷ шавад / Ғорати манобе ба исми мубориза бо тероризм кофӣ аст
    Эрон : Амрико бояд комилан аз Сурия хориҷ шавад / Ғорати манобе ба исми мубориза бо тероризм кофӣ аст

Порс Тудей - Эрон бар зарурати хурӯҷи беқайду шарти неруҳои амрикоӣ аз Сурия таъкид кард .

Амрико, ки дар солҳои гузашта ба баҳонаи мубориза бо тероризми ҳузури низомии худро дар Сурия ҳифз карда , ба таври мудовим ба ғорати манобеи ин кишвар идома медиҳад . Ба гузориши Порс Тудей , « Амир Саиди Ереванӣ » , сафиру намояндаи доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид , рӯзи сешанбе дар нишасти Шӯрои амнияти ин Созмон , хурӯҷи комил , фаврӣ ва беқайду шарти неруҳои амрикоиро аз Сурия , барои сулҳу суботи ин кишвар зарурӣ донист .

« Ереванӣ » гуфт : « Амрикоиҳо ба ҷои мубориза бо тероризм , ҳамчунон аз гурӯҳҳои террористӣ монанди “ Ҷабҳаи Ансоруллоҳ “ ҳимояту нафту сарвати мардуми Сурияро ғорат мекунанд » .

Ин дипломати эронӣ афзӯд : « Бархе кишварҳои ғарбӣ ҳамчун Амрикои масъӯли тӯлонӣ шудани даргириҳо дар Сурия ҳастанд чаро,ки  талош  доранд иродаи худро ба мардуми ин кишвар таҳмил кунанд .

« Ереванӣ » бо таъкид бар инки ҳамагон бояд ҳокимият , истиқлоли сиёсӣ , ваҳдату тамомияти арзии Сурияро риоят кунанд , тасреҳ кард : « Ҷомеъаи байналмилалӣ набояд мардуми Сурияро дар мубориза бо тероризм , ишғоли хориҷӣ ва тероризми иқтисодии ношӣ аз таҳримҳои ғайриқонунӣ танҳо бигузорад » .

Вай бо ишора ба зарурати хурӯҷи ҳамаи неруҳои хориҷии ғайри қонунӣ аз Сурия , таъкид кард : « Эрон қавиян таҷовузоти мустамари режими Исроил алайҳи ҳокимияти Сурия ва ҳадафи қарор додани ғайринизомиён ва зерсохтҳои ҳаётии ин кишварро маҳкӯм мекунад ва ба ҳалу фасли сиёсии вазъияти Сурия мутаъаҳид аст » .

Сафиру намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милал гуфт : « Дар канори фароянди сиёсӣ , талошҳои байналмилалӣ бояд барои тасҳили бозсозии Сурия ва бозгашти амни паноҳандагон ва оворагони дохилӣ ба маҳали сукӯнати аслии худ дар Сурия идома ёбад » .

Барчасп