Тасвиби барномаи давлати Тоҷикистон барои тавсеаи сабз то соли 2040
Давлати Тоҷикистон бо тасвиби барномаи тавсеаи сабз, ҳадафи аслии онро коҳиши интишори карбону интибоқ бо фарояндҳои тағироти обу ҳавоӣ то соли 2040 эълом кард.
28 июн дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, масъалаи қабули «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба навиштаи сомонаи Ховар,дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ супориш доданд, ки бо дарназардошти тағйирёбии иқлим ва бо мақсади беҳтар кардани вазъи экологии ҷумҳурӣ, инчунин, муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии мамлакат барои давраи то соли 2040 –ро қабул ва амалӣ намоянд.
Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баррасии масъалаи мазкур, таъкид гардид, ки «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» бо мақсади амалӣ намудани чорабиниҳо дар самти шинонидани дарахту буттаҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳия гардида, ба коҳиш додани газҳои гулхонаӣ, барқарорсозии ҳолати экологии ҳавои атмосфера, нигоҳдории устувори тавозуни табиӣ, мутобиқшавӣ ба равандҳои тағйирёбии иқлим ва ғайра нигаронида шудааст.
Дар Тоҷикистон, манбаъҳои бузурги табиӣ, аз ҷумла манбаъҳои обӣ зиёд буда, ҳифзи манбаъҳои обӣ аз ҳифзи ҷангалзорҳо сарчашма мегирад. Аз байн рафтани баъзе намудҳои олами набототу ҳайвонот, зиёд шудани миқдори гази карбон дар атмосфера, ба амал омадани эрозияи хок, ки боиси ба вуҷуд омадани биёбон мегардад, албатта, ба фаъолият ва устувории ҷангалзорҳо вобастагӣ дорад.