Июн 27, 2024 10:56 Asia/Dushanbe
  • Номаи уламои аҳли суннат ба Раҳбари инқилоб барои интихобот
    Номаи уламои аҳли суннат ба Раҳбари инқилоб барои интихобот

Беш аз ду ҳазор нафар аз уламои аҳли суннати кишвар дар номае ба Раҳбари муаззами инқилоб , интихоботи пеши рӯйро заминасози иқтидору иродаи миллати Эрон донистанд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо , ду ҳазору шашсад нафар аз аиммаи ҷумъа ва ҷимоъот ва мудирони мадориси улӯми динӣ ва уламои аҳли суннати кишвар дар номае ба Раҳбари инқилоби исломӣ зимни таҷдиди паймон бо ормонҳои Имоми Роҳил ( раҳ ) ва шуҳадои воломақом ва ҳамчунин раҳнамӯдҳои Раҳбари инқилоби исломӣ , рай доданро ҳақи мусаллам ва таклифи ҳар эронӣ дониста ва таъкид кардаанд : Ба яқин интихоботи пеши рӯ заминасози иқтидору иродаи миллат ва заминасози фардои пурифтихор барои ҳамаи эрониён аъам аз форсу курду турку балӯчу туркману луру шиъа ва суннӣ ва пайравони адёни илоҳӣ хоҳад буд .

Ин номаро уламои аҳли суннат аз устонҳои Кирмоншоҳ , Ҳурмузгон , Хуросони Разавӣ , Хуросони Ҷанӯбӣ , Хуросони Шимолӣ , Буҳшер , Форс , Курдистон , Гулистон , Систону Балучистон , Озарбойҷони ғарбӣ ва Гилон имзо кардаанд .