Декабр 09, 2020 22:48 Asia/Dushanbe
  • Имони росих ба мабонии инқилоб ва истиқомат дар ин роҳ аз вижагиҳои оятуллоҳ Яздӣ буд
    Имони росих ба мабонии инқилоб ва истиқомат дар ин роҳ аз вижагиҳои оятуллоҳ Яздӣ буд

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар паёме даргузашти олими муҷоҳид ва порсо - оятуллоҳ ҳоҷӣ шайх Муҳаммади Яздиро таслият гуфтанд.

Раҳбари инқилоби исломӣ дар ин паём бо таслияти даргузашти оятуллоҳ Муҳаммади Яздӣ ба ҳавзаи илмияи Қум, мароҷеи изом, уламои оли‌мақом, ҷомеаи мударрисин ва ба шогирдону дӯстону иродатмандону хонадони он марҳум таъкид карданд: “Савобиқи инқилобӣ ва муборизоти даврони тоғут дар канори ҳузури пайваставу ҳамешагӣ дар ҳамаи давронҳои инқилоб ва иштиғол ба масъулиятҳои бузург дар идораи кишвар ҳамчун раёсати Қувваи қазоияву узвият дар Шӯрои нигаҳбон ва Маҷлиси хубрагон ва Маҷлиси Шӯрои исломӣ дар канори фаъолияти илмиву фиқҳӣ, шахсияте ҷомеу асаргузор аз ин олими ҷалил падид оварда буд”.

Эшон ёдовар шуданд: “Имони росих ба мабонии инқилоб ва истиқомат дар ин роҳ ва ғайрати диниву инқилобӣ нишонаҳои боризи дигаре аз ин шахсияти мукаррам буд”.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ибрози умедворӣ карданд, ин вазни сангини захираи маънавӣ, мояи таъолии дараҷоти эшон бошад.

  • Раҳбари фарзонаи инқилоб дар поёни паёми худ раҳмату мағфират ва ризвони илоҳиро барои марҳум оятуллоҳ Яздӣ талаб карданд.

 

Пайкари оятуллоҳ Яздӣ дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Маъсума (с) ба хок супурда шуд.

Оятуллоҳ Муҳаммади Яздӣ, ки аз чанде пеш ба далели бемории дастгоҳи гуворишӣ бистарӣ буд, баъд аз умре муҷоҳидат дар роҳи Ислому инқилоби исломӣ имрӯз (чаҳоршанбе) дар синни 89 солагӣ даъвати Ҳақро лаббайк гуфт ва пайкари вай асри имрӯз бар дӯши шогирдону умуми мардуми Қум бо риояти дастуруламалҳои беҳдоштӣ ҷаноза ва дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Маъсума (с) ба хок супурда шуд.

Оятуллоҳ Яздӣ пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ, масъулиятҳои фаровоне дар арсаҳои мухталиф бар ӯҳда доштааст, ки метавон ба намояндагии Маҷлиси шӯрои исломӣ, узвият дар Шӯрои нигаҳбон, раёсати Қувваи қазоия ва намояндагии Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ ва дабирии ҷомеаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум ишора кард.

 Аз ин устоди барҷастаи ҳавзаи илмияи Қум то кунан китобҳову мақолоти бисёре аз ҷумла беш аз 40 унвони китоб ба забони форсӣ ва арабӣ ба чоп расидааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп