Январ 02, 2021 13:55 Asia/Dushanbe
  • Ироқ дар парвандаи террори шаҳид Сулаймонӣ амалкарди фавқулъодае барои шиносоии муттаҳамон дошт
    Ироқ дар парвандаи террори шаҳид Сулаймонӣ амалкарди фавқулъодае барои шиносоии муттаҳамон дошт

Як мақоми Созмони басиҷи мардумии Ироқ эълом кард, дар рӯзҳои оянда хабарҳое дар бораи муттаҳамони парвандаи террори фармондеҳони шаҳиди муқовимат дар дастгоҳи қазоии Ироқ хоҳад расид.

Ба гузориши пойгоҳи Собирин нюз, Маҳанд Ал Иқобӣ, мудири расонаиии Созмони басиҷи мардумии Ироқ ҷумъашаб гуфт, дар парвандаи террори сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ва Абу Маҳдӣ Ал Муҳандис, муовини басиҷи мардумии Ироқ 40 муттаҳам вуҷӯд дорад, ки шуморе аз онҳо ироқӣ ва амрикоӣ ҳастанд.

Ал Иқобӣ таъкид кард, бо вуҷӯди инки дастгоҳи қазоии Ироқ дар парвандаи Сулаймонӣ таҳти фишорҳои дохилӣ ва хориҷӣ қарор гирифтааст, аммо амалкарди фавқулъодае барои шиносоии муттаҳамони ин парванда дошт ва дар рӯзҳои оянда дар бораи онҳо хабарҳое хоҳад расид.

Идораи итилоърасонии Созмонии басиҷи мардумии Ироқ низ эълом кард, нерӯҳои ин созмон дар минтақаи марзии Ироқ бо Сурия дар канори тоблуи тасовири шаҳидон Қосими Сулаймонӣ ва Абу Маҳдӣ Ал Муҳандис шамъ рӯшан карда ва ёди ин ду шаҳидро гиромӣ доштанд.

Сардори сипаҳбуд шаҳидон Қосими Сулаймонӣ ва Абу Маҳдӣ Ал Муҳандис ба ҳамроҳи 8 нафари дигар сеюми январи 2020 дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ наздики фурӯдгоҳи Бағдоди Ироқ ба шаҳодат расиданд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

 

Барчасп