Маҳкумияти ҷаҳонии таҷовузи амрикоӣ-саҳюнистӣ ба Эрон
-
посухи Эрон ба таҷовузот
Ҳизбуллоҳи Ироқ : ҳамла ба пойгоҳҳои Амрикоро оғоз хоҳем кард
Порс тудей - Ҳизбуллоҳи Ироқ таъкид кард, ки ҳамла ба пойгоҳҳои Амрикоро дар посух ба таҷовузоти он оғоз хоҳем кард.
Катоиб ( гурдонҳо )и Ҳизбуллоҳи Ироқ дар баёнияе эълом кард, ки ба зӯдӣ ҳамла ба пойгоҳҳои Амрикоро дар посух ба таҷовузоти амрикоӣ-саҳюнистӣ ба Эрон оғоз хоҳем кард.
Абдуқодир ал-Карбалоӣ-муовини низомии ҷунбиши Наҷбои Ироқ ҳам баёнияи кӯтоҳ дар чаҳор калима ба ин шарҳ эълом кард : Ба номи Худованд, ки муҷоҳидон дар роҳашро ёрӣ мекунад
Ансоруллоҳи Яман бо интишори баёнияе аз миллат , раҳбарӣ , давлат ва неруҳои мусаллаҳи Эрон дар муқобили таҷовузи ошкори Амрико ва режими Исроил ба хоки Эрон ҳимоят кард . Ин ҷунбиш дар ин баёния эълом кард : Миллати Яман бар ҳимоят аз миллати мусулмону бародари Эрону раҳбарии ҳаким , неруҳои мусаллаҳи шуҷоъу давлати устувори ин кишвар таъкид мекунад .
Ҷаҳон алайҳи таҷовузгарӣ ; маҳкӯмияти байналмилалии ҳамлаи мутаҷовизона ба Эрон
Порс тудей - Дар паи ҳамлаи таҷовузкоронаи Амрико ва режими саҳюнистӣ ба хоки Эрон , мавҷе аз маҳкӯмиятҳову вокунишҳои байналмилалӣ аз сӯи бархе давлатҳо , ниҳодҳои зидди ҷанг ва шахсиятҳои барҷастаи сиёсӣ шакл гирифт .
Анвар Иброҳим-нахуствазири Малайзия , ин ҳамларо « иқдоми хабисона » барои тахриби музокироти ҷорӣ тавсиф кард ва ҳушдор дод ки ташдиди даргириҳо , минтақаи Осиёи ғарбиро дар остонаи фоҷеъаи бузург қарор додааст.
Дар идомаи мавҷи маҳкӯмиятҳои байналмилалӣ , сенатор Муҳаммади Исҳоқ Дор-муовини нахуствазир ва вазири умӯри хориҷаи Покистон низ дар гуфтугуи телефонӣ бо ҳамтои эронии худ , ҳамалоти Амрикову режими саҳюнистӣ ба Ҷумҳурии исломии Эронро ба шиддат маҳкӯм карду хостори таваққуфи фаврии танишҳо аз тариқи дипломасӣ шуд .
Вазири умӯри хориҷаи Норвегия эълом кард ки ҳамлаи режими саҳюнистӣ ва Амрико ба Эрон бо ҳуқуқи байналмилал ҳамхонӣ надорад.
Вай эълом кард ки амиқан нигаронаст, ки ҳамалоти Тел-Авив ва Вашингтон ба Эрон , шурӯи як ҷанги ҷадиду густарда дар ғарби Осиё бошад .
Ниҳодҳои зидди ҷанг дар Англия бо судӯри баёнияҳои ҷудогона , таҷовузи Амрикову режими саҳюнистӣ алайҳи Эронро ба шиддат маҳкӯм карданд .
Димитрий Медведев-нойиби раиси Шӯрои амнияти Русия эълом кард : Амрико бо ҳамла ба Эрон чеҳраи воқеии худро нишон дод.
Вай таъкид кард, ки музокирот бо Эрон танҳо пӯшише барои иқдоми низомӣ буда ва ҳеҷ кас воқеан ба дунболи ҳаллу фасли дипломотӣ набудааст .
Вокунишҳо ба ҳамлаи Амрикову режими саҳюнистӣ алайҳи Эрони нишондиҳандаи нигаронии амиқи ҷомеъаи байналмилалӣ аз пайёмадҳои хатарноки ин таҷовузи низомӣ аст . и Афзоиши сатҳи сензураҳо дар Исроил дар паи посухи мушакӣ ва паҳподии Эрон ба ҳамалот. Ҳамзамон бо ташдиди фазои амниятӣ дар арозии ишғолӣ пас аз ҳамалоти мушакии Эрон , полиси режими саҳюнистии як исроилиро ба иттиҳоми филмбардорӣ ва аккосӣ аз лаҳзаи бархурди мушакҳои эронӣ боздошт кард.