Беҳбудии беш аз як миллиону 171 ҳазор бемори коронаӣ дар Эрон
-
Дар 24 соати гузашта 681 нафар бар асари ибтило ба корона дар бемористонҳои Эрон бистарӣ шудаанд
Беш аз як миллиону 171 ҳазор нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.
Ба гузориши Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон, дар 24 соати гузашта 6 ҳазору 309 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид -19 дар ин кишвар шиносоӣ ва аз ин теъдод 681 нафар бистарӣ шуданд.
Бар ин асос маҷмӯи беморони Ковид -19 дар Эрон то кунун ба як миллиону 379 ҳазору 286 нафар расидааст, ки беш аз як миллиону 171 ҳазор нафар аз онон беҳбуд ёфтаанд.
Ҳамчунин дар 24 соати гузашта 98 нафар аз беморони мубтало ба корона дар Эрон ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагон бар асари ин беморӣ ба 57 ҳазору 481 нафар расид.
Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба ҳудуди сад миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод беш аз ду миллион нафар ҷони худро аз даст додаву ҳудуди 72 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.
Бештар бихонед:
- Оғози ваксинаи корона дар Эрон: ба зудӣ
- Беҳбудии беш аз як миллиону 164 ҳазор нафар аз мубталоён ба корона дар Эрон
- Сабти камтартн шумори ҷонбохтагони корона дар Эрон дар 7 моҳи ахир