Созмони ҷаҳонии беҳдошт : Имсоли поёни корона аст
-
Соли 2023 поёни ҳамагирии вируси Ковид 19 аст
Созмони ҷаҳонии тандрустӣ эълом кард соли 2023 поёни Ковиди 19 ( корона )аст .
Вируси корона нахустин бор декабри 2019 дар Чин гузориш шуд ва сипас ба кишварҳои мухталифи ҷаҳон сироят кард . Ваксиносиун ба кантроли ин вирус дар сатҳи ҷаҳон мунҷар шуд.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Тедрос Адханом Гебрейюс-мудири кулли Созмони ҷаҳонии тандрустӣ(беҳдошт) таъкид кард дар соли 2023 Ковид - 19 ба унвони як вазъияти изтирорӣ ва нигаронии байналмилалӣ ба поён расидааст .
Тедрос Адханом Гебрейюс барои аввалин бор дар 11 марти 2020 аз як бемории ҳамагир суҳбат кард, ки ҳудӯди 5000 марги бархоста аз корона дар ҳафта дар саросари ҷаҳон гузориш шуд ; акнун ин рақам барои аввалин бор ба камтарин рақам расидааст, ки раиси Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз он ба унвони як пешрафти мусбат истиқбол кардааст .
Вай гуфт : « Ҷаҳони имрӯз ба вузуҳ дар мавқеъият бисёр беҳтаре дар муқоиса бо ҳар лаҳзаи дигар аз даврони ҳамагирӣ қарор дорад .
Бар асоси иттилооти Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз он замон то кунун 760 миллион мавриди уфунат дар саросари ҷаҳон сабт шудааст тақрибан 6.9 милион нафар ҷони худро аз даст додаанд . Ба гуфтаи Гебрейюс шумори воқеии маргумири ношӣ аз ҳамагирӣ " бисёр бештар " аз ин рақам аст .
Майкл Роён-раиси барномаи изтирории Созмони ҷаҳонии беҳдошт гуфт: Акнун ба нуқтае расидаем, ки метавонем ба корона ҳамонанди як зукоми фаслӣ нигоҳ мекунем .
Раиси Созмони ҷаҳонии беҳдошт эҷоди шабакаҳои бештар байни кишварҳо дар заминаи ҳамкорӣ дар бораи масоили беҳдоштӣ ба манзури муборизаи беҳтар бо ҳамагириҳоро хостор шуд, ки ин шабакаи ҳамкорӣ бояд дар чорчӯби як тавофуқномаи байналмилалии таҳти машварати Созмони ҷаҳонии беҳдошт фаъолият кунад.
Бештар бихонед :