Ба поёни куруно наздик шудаем
(last modified Thu, 15 Sep 2022 10:16:32 GMT )
Сентябр 15, 2022 15:16 Asia/Dushanbe
  • Ба поёни куруно наздик шудаем
    Ба поёни куруно наздик шудаем

Мудири кулли ҷаҳонии беҳдошт гуфт ба поёни куруно наздик шудаем.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Тедрос Адханом, мудири кулли Созмони ҷаҳонии беҳдошт гуфт: Теъдоди мубталоён ба куруно дар ҳафтаи гузашта дар ҷаҳон камтарин мизон аз ду соли пеш аст.

Адханом афзуд: Хатти поёнии куруно қобили мушоҳида аст, аммо мисли мушоҳидаи хатти поёни ду Маратан маъниаш истодан нест балки бояд талоши бештари ба амал оварем то ба ин хатти поёни бирасем.

Дар ҳоле, ки 81 дарсади ҷамъияти кишварҳои бо даромади боло ва миёна ба боло ҳаддиақл як доза ваксина дарёфт карданд ин рақам дар кишварҳои камдаромад фақат 21 дарсад буда аст.

Дар миёни қораҳои ҷаҳон Африқо поёнтарин нархи ваксинасионро дошта ва фақат 28 дарсади ҷамъияти он ҳадиақал як доза ваксинаи куруно дарёфт карданд.

Ин рақам дар Амрико ва Канад дар маҷмуъ 80 дарсад, дар Осиё-Уқёнусия 80 дарсад, дар Амрикои Лотин 81 дарсад, дар Аврупо 69 дарсад ва дар Ғарби Осиё 58 дарсад буда аст.