Октябр 18, 2016 13:53 Asia/Dushanbe
  • Вазорати хориҷаи Эрон: Амрико дар амалиёти Мусил содиқона ва ҷиддӣ амал кунад

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон аз кишварҳои ҳозир дар амалиёти озодсозии Мусил, аз ҷумла Амрико хост, дар ин амалиёт руйкарде ҷиддӣ ва содиқона дошта бошанд.

Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории Садо ва Симо таъкид кард, кишварҳое, ки бо хосту ҳамоҳангии давлати Ироқ дар саҳнаи мубориза бо терроризм ва берун рондани гурӯҳи террористии ДИИШ дар ин кишвар ҳузур доранд, ҳусни ният дошта бошанд ва ба ҷуброни бархе хатоҳои гузашта, дар мубориза бо террористҳо дар Мусил содиқона амал кунанд.

Қосимӣ дар бораи таноқузи ҳузури амрикоиҳо дар амалиёти Мусил, бо вуҷуди нақши ҳимоятӣ аз ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ гуфт, бо ин ҳол Ҷумҳурии исломии Эрон аз мубориза бо терроризм ба шакли содиқона ҳимоят мекунад ва ба тасмимоти давлати Ироқ дар ин замина эҳтиром мегузорад.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон афзуд, ҷумҳурии исломӣ хоҳони Ироқе босубот, тавсеаёфта ва бархурдор аз сулҳу амният аст, ки битавонад аз ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзии худ дифоъ кунад.