Хатибзода: Ҳеч як аз коркунони сарконсулгарии Эрон дар Туркия боздошт нашудааст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i62132-Хатибзода_Ҳеч_як_аз_коркунони_сарконсулгарии_Эрон_дар_Туркия_боздошт_нашудааст
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба матлаби мунташиршуда дар яке аз расонаҳои Туркия ва тарҳи бархе иддаоҳо таъкид кард, ки ҳеч як аз коркунони сарконсулгарии Эрон дар Истанбул боздошт нашудааст.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Феврал 12, 2021 21:02 Asia/Dushanbe
  • Хатибзода: Иддаои расонаи туркӣ беасос аст
    Хатибзода: Иддаои расонаи туркӣ беасос аст

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба матлаби мунташиршуда дар яке аз расонаҳои Туркия ва тарҳи бархе иддаоҳо таъкид кард, ки ҳеч як аз коркунони сарконсулгарии Эрон дар Истанбул боздошт нашудааст.

Ба гузориши ИРНА, Саид Хатибзода дар вокуниш ба матлаби мунташиршуда дар яке аз расонаҳои Туркия ва тарҳи бархе иддаоҳо изҳор дошт: Матлаби матраҳшуда комилан беасос ва мубтанӣ бар иттиҳомоти бепоя аст.

Хатибзода афзуд: Ҳеч як аз коркунони сарконсулгарии Эрон дар Истанбул аз дуру наздик даргири фаъолиятҳои мавриди иддаои ин расона набуда ва нестанд, ҳамчунин аҳаде аз кормандони сарконсулгарии Эрон боздошт нашудааст.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кард: Барои пайгирии мавзӯи пешомада ва равшан шудани абъоди он аз каналҳои расмӣ бо мақомоти Туркия дар тамос ҳастем.

 

Бештар бихонед: