Феврал 13, 2021 10:55 Asia/Dushanbe
  • Прайс: корзори фишори ҳаддиаксарии Вашингтон зидди Теҳрон шикаст хӯрдааст
    Прайс: корзори фишори ҳаддиаксарии Вашингтон зидди Теҳрон шикаст хӯрдааст

Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико ба шикасти сиёсати фишори ҳаддиаксарии ин кишвар зидди Эрон эътироф кард.

Ба гузориши ҳафтаномаи амрикоии "Newsweek", Нед Прайс(Ned Price), сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико бо интиқод аз рӯйкарди давлати Доналд Трамп, раисиҷумҳури собиқи ин кишвар дар қиболи Эрон гуфт: “корзори фишори ҳаддиаксарии Вашингтон зидди Теҳрон шикаст хӯрдааст”.

Прайс бидуни ишора ба хурӯҷи якҷониба ва ғайриқонунии Вашингтон аз БарҶом муддаӣ шуд: “агар Эрон ба тааҳҳудоти худ дар БарҶом бозгардад, Вашингтон низ ҳамин иқдомро анҷом хоҳад дод”.

Давлати собиқи Амрико баъд аз хурӯҷи ғайриқонунӣ аз БарҶом корзории ҳамаҷониба барои эъмоли фишор алайҳи Эрон ба роҳ андохт.

Трамп ваъда дода буд бо хурӯҷ аз БарҶом ва пайгирии сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ, Эронро ба ҳузури дубора пойи мизи музокира барои расидан ба тавофуқи мавриди назари Амрико водор хоҳад кард, аммо дар давраи 4 солаи раёсатҷумҳуриаш дар таҳаққуқи ин ҳадаф ноком монд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

 

Барчасп