Ин қадар зиёд макарон нахуред!
(last modified Mon, 01 Mar 2021 10:41:46 GMT )
Март 01, 2021 15:41 Asia/Dushanbe
  • Ин қадар зиёд макарон нахуред!

Мутахассисони улуми тағзия таъкид кардаанд ки зиёдаравӣ дар масрафи паста ва макарон метавонад паёмадҳои манфии зиёде барои бадан дошта бошад.

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз  Эйт дис ,агарчӣ паста ва макарон аз ғизоҳои мавриди алоқаи бисёре аз мардум асту таъми лазиз дар канори танаввуъи хуришҳо ва афзуданиҳои мухталиф, онро ба яке аз гузинаҳои ҷаззоб барои ғизои мухталиф табдил кардааст, аммо зиёдаравӣ дар истифода аз онҳо метавонад зарари хоси худро дошта бошад .

 Мутахассисони тағзия мегуянд ин дуруст аст, ки хӯрдани паста метавонад энержии зиёде ба бадан бирасонад ва маводи серғизо низ дошта бошад, аммо зиёдаравӣ дар хурдани он метавонад саломати баданро ба хатар биандозад .

  Афзоиши хатари ибтило ба диабет, афзоиши хатари ибтило ба бемориҳои қалбӣ, афзоиши фишори хун ва изофавазну фарбеҳӣ аз муҳимтарин паёмадҳои манфии масрафи зиёди макарон  барои баданаст .

  Ҳамчунин агар аз ҷумлаи афроде ҳастед, ки чанд бор дар ҳафта аз паста ва макарон ба унвони хуроки аслӣ истифода мекунед бояд ба хотир дошта бошед ки ин ғизо резмуғазиҳои муфид барои баданро надорад ва масрафи зиёди он баданро бо фақри ғизоӣ рӯ ба рӯ мекунад .

 Ба таври маъмул як порс паста бояд нисфи финҷон бошад, аммо бисёре аз мардум тамоюл ба масрафи бештар аз ин мизон доранд ва вуҷуди орди сафед дар ин ғизо ва ғанӣ будани он аз карбогидрат, зиёдаравӣ дар масрафи макарону пастаро хатарнок кардааст.

 

  Бештар бихонед :