Истифодаи абзорӣ аз ниҳодҳои СММ алайҳи Эрон
"Беш аз 10 сол аст, ки созу кори ба истилоҳ гуфтугӯи таъомулӣ ба унвони ҷойгоҳе барои суханпароканӣ алайҳи Эрон таҳти ливои ҳуқуқи башар табдил шудааст. Ин як созу кор ва саҳнаороӣ, яктарафа ва ситезагарона аст, ки бониён барои расидан ба аҳдофи аз пеш таъиншудаи худ, тадорук дидаанд ва ба ҳеч ваҷҳ наметавонад ҳеч хидмате ба иртиқои ҳуқуқи башар кунад”.
Исмоил Бақоии Ҳомона, сафир ва намояндаи доими Эрон дар Женева рӯзи сешанбе дар суханоне дар 46-умин нишасти Шӯрои ҳуқуқи башар бобиёни ин воқеъиятҳо, аз баёнияи ғайримунсифона ва таҳриф шудаи гузоришгари вижаи Созмони милал алайҳи вазъити ҳуқуқи башар дар Эрон ба шиддати интиқод ва тасреҳ кард, баёнияи Ҷовид Раҳмон, гузоришгари вижаи Созмони милал дар мавриди Эрон бо ангезаҳои сиёсии бониёни ғарбӣ ироа шудааст,
Вай дар иртибот бо ин баёния, ки занони Эронро шаҳрванди дараҷаи ду зикр карда буд ба муваффақиятҳое, ки онҳо дар сутӯҳи илмӣ, иҷтимоӣ ва мудириятӣ бадаст овардаанд ишора ва таъкид кард, ки занон дар Эрон шаҳрванди дараҷа ду нестанд ва қобили қабул нест, ки ниме аз мардуми як кишварро фориғ аз ҳар ҷойгоҳ ва унвоне, ки доранд шаҳрванди дараҷаи ду номид.
Дар нигоҳ ба баёнияи ҳуқуқи башари Ғарб бар зидди Эрон нукоти қобили тааммуле вуҷӯд дорад. Яке аз ин нукот, моҳияти сиёсӣ ва аҳдофи муғризонае аст, ки зери пӯшиши ингуна гузоришҳои супоришӣ пинҳон шудааст.
Воқеъият ин аст, ки агар андаке аз иқдомоти хушунатомези солҳои ахир алайҳи мардуми Амрико ва иқдомоти нажодпарастонае, ки дар шаҳрҳои Аврупо ва Амрико рух додааст, дар кишварҳои дигар итифоқ меафтод, даҳҳо қатънома ва баёния содир ва таҳримҳои рангоранг эъмол мешуд, аммо дар мавриди воқеъиятҳои нақзи ҳуқуқи башар дар Ғарб ҳеч гузоришгари ҳуқуқи башарӣ таъин намешавад.
Ин муддаиёни ҳуқуқи башар дар ҳолеи алайҳи дигар кишварҳо баёния ва қатънома содир мекунанд, ки муътаризон ба табъизҳоро дар кишвари худ ба шиддат саркӯб мекунанд ва иҳонат ба арзишҳо ва муқаддасоти динӣ, озору азияти мусулмонон ва таҳти фишор қарор додани муҳоҷирин дар дохили марзҳои Иттиҳоди Аврупоро иҷрои қонӯн ва озодии баён унвон мекунанд. Дар мавриди вазъияти занон низ, тибқи гузориши соли 2019-и вазорати кишвари Фаронса аз маҷмуи 149 қурбонии хушунатҳои хонагӣ дар ин кишвар, 121 нафарро занон шомил мешаванд. Ҳамчунин дар Олмон бино ба омор ироа шуда аз сӯи полиси ҷиноии Олмон, хушунатҳои хонагӣ ба таври мутавассит, мӯҷиб мешавад дар ҳар серӯз як зан ҷони худро аз даст бидиҳад. Дар Амрико низ моҷарои қатли шаҳрванди сиёҳпӯсти амрикоӣ ба номи Ҷорҷ Флойд, ки хашми мардуми дунёро барангехт ва ба намоде аз эътироз ба нажодпарастии Ғарб дар ҷаҳон табдил шуд, ҳанӯз фаромӯш нашудааст.
Ин муддаиёни ҳуқуқи башар дар ҳоле нисбат ба тазйиъ(табоҳсози)-и ҳуқуқи ҳуқуқи башар дар Эрон ибрози нигаронӣ мекунанд, ки таҳримҳои вазъшуда аз сӯи Амрико саломати ҷисму равони мардуми Эронро бо таҳдидҳои бешуморе рӯбарӯ кардааст. Акнӯн ҳам ки дунё ба марҳалаи сохт ва тавзеъи ваксинаи бемории маргбори Ковид -19 расида, таҳримҳо, вурӯди дору ва ваксина ба Эронро бо аммо ва агарҳои бисёре рӯбарӯ кардааст бе онки шахс, ниҳод ё давлате нигарони ҳуқуқи афроде бошад, ки дар асари таҳримҳо саломатии худро аз даст хоҳанд дод.
Мирқосми Муъминӣ, коршиноси масоили байналмилал бо ишора ба инки ҳуқуқи башар дар кишварҳои аврупоӣ ва Амрико сирфан як абзор ва аҳруми фишор барои аҳдофи сиёсӣ аст, мегӯяд: “Ба унвони мисол дар кишваре чун Арабистон, мо ҳеч гӯна озодии маданӣ ва ҳуқуқи башариро шоҳид нестем, вале дар айни ҳол, саудиҳо яке аз шарикони роҳбурдии Аврупо ва Амрико ба ҳисоб меоянд. Ҳамин муддаиёни ҳуқуқи башар, аммо нисбат ба Эрон ба далели тазоди манофеъ бо Амрико ва Ғарб, рӯйкарди хусӯматомез доранд".
Ин стандарти дугона, нишон диҳанда набуди садоқати ин гурӯҳ аз кишварҳо дар ҳимоят аз ҳуқуқи башар ва истифодаи сиёсӣ аз ин мафҳум аст.