Паёми раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба муносибати Рӯзи артиш дар Эрон
Апрел 17, 2021 15:25 Asia/Dushanbe
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме ба муносибати Рӯзи артиши ҷумҳурии исломии Эрон таъкид карданд: Артиш дар саҳна омодаи анҷоми маъмурият аст.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме ба муносибати солрӯзи артиш ва ҳамосаофариниҳои нерӯи заминӣ хитоб ба генерал Саид Абдураҳими Мусавӣ, фармондеҳи кулли артиши ҷумҳурии исломии Эрон таъкид карданд: Омодагиҳоро то сарҳади ниёз афзоиш диҳед ва нақшофаринӣ кунед.
Фармондеҳи муаззами кулли қувои Эрон, ҳамчунин аз коркунони артиш ва хонаводаҳои нерӯҳои мусаллаҳ қадрдонӣ карданд.
Фардо дар Эрон рӯзи артиш аст.
Бештар бихонед: