Раҳбари Инқилоб : Интихобот фурсат аст / набояд мардумро аз интихобот дилсард кард
(last modified Sun, 02 May 2021 15:47:58 GMT )
Май 02, 2021 20:47 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари Инқилоб : Интихобот фурсат аст / набояд мардумро аз интихобот дилсард кард
    Раҳбари Инқилоб : Интихобот фурсат аст / набояд мардумро аз интихобот дилсард кард

Раҳбари муаззами инқилоб дар суханонашон ба муносибати рӯзи муаллим бо ишора ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, унвон карданд интихобот ба маънои воқеии калима як фурсати муҳим аст ва набояд мардумро аз интихобот дилсард кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл  аз хабаргузории Эрон пресс Мақоми муъаззами раҳбарӣ бо баёни ин ки интихоботро бо ҳарфҳои беҳуда ва  ваъдаҳои фиребанда ва бидуни пуштвона набояд хароб кард, тасреҳ карданд касоне, ки моил ҳастанд дар ин корзор ширкат кунанд ба маъноии воқеӣ,ба мардум  кор ироа кунанд. 

 

Эшон бо таъкид бар ин ки интихобот фурсати бебадилест, ки ҳеч чизе  ҷои  онро дар истеҳкоми пояҳои низом намегирад, хотирнишон карданд вақте мардум  ҳузур пайдо кунанд ҳеч қудрате наметавонад кишварро такон диҳад . Пас ҳар касе, ки дар интихобот ширкат мекунад барои сарнавишти кишвар ва ояндаи он талош мекунанд. 

Раҳбари муъаззами инқилоб ҳамчунин гуфтанд иддае мардумро дилсард мекунанд. Хадша кардан дар интихобот ва дар дастгоҳҳое чуни шӯрои  нигаҳбон ғалат аст. Ҳамаи интихоботҳои мо солим будааст, мумкин аст тахаллуфоте дар гӯша ва канор буда ки рух додааст, аммо таъсире дар натиҷа надоштааст. Мавориде будааст, ки шикоят шуда ва мо пайгирӣ кардаем ва таҳқиқи ҷиддӣ кардем. Тахаллуфе, ки хилофи амонат бошад мутлақан дар интихоботҳои мо набудааст . Албата бархе интихоботро вақте қабул доранд, ки натиҷаи ҳамон чизе бошад ки онҳо мехоҳанд . Агар матлуби онҳо набуд интихоботро муттаҳам мекунанду касони баргузоркунандаро   муттаҳам мекунанд . Гоҳе ҳам мисли 88 иғтишош (нооромӣ)роҳ меандозанд. Албата муттаҳам карданҳо беахлоқист, иғтишошот ҷурм аст. 

Масъалаи баъд ин аст ки изҳоротии бархе аз касоне, ки вориди майдон мешаванд анҷом медиҳанд, ки изҳорот хубе нест . Ҳарфҳои фарибанда аст ки ҳеч пуштвонаи фикрӣ ва барномае надорад, чизе мегӯянд бидуни ин ки имконоти кишварро бишносанд. Бархе аз ин бародарон, ки вориди арса мешаванд аз хеле  имконоти кишвар шояд муталлеъ нашаванд. Бояд барнома ба маънои воқеии калима ирода шавад . Бояд тавре бошад, ки вақте коршиносон ба ҳарфи як фард нигоҳ мекунанд бубинад мутқан аст . Гоҳе  ҳам ҳарфҳое, ки гуфта мешавад кона аз асос, қонуни асосиро қабул надоранд . Хуб касе ки мехоҳад дар раъси дастгоҳи иҷроӣ қарор мегирад бояд инҳоро бовар дошта бошад.  

Раҳбари муъаззами инқилоб ҳамчунин бо ишора ба хусусиёти шаҳид  Мутаҳҳарӣ, аз нақши сутудании муаллимон дар даврони корона ва ҳамчунин аз модарони донишомӯзон ташаккур ва қадрдонӣ карданд. 

 Раҳбари инқилоб бо ишора ба шаҳодати шаҳид Мутаҳҳарӣ, фармуданд рӯзи муаллим дар ҷумҳурии исломӣ баробар аст бо шаҳодати марҳум  шаҳид  Мутаҳҳарӣ. Хусусиёте дар эшон аст ки ин барои ҳамаи муаллимин чӣ муаллимини ҳавзаҳои илмия чӣ донишгоҳҳо ва мадорис бояд ҳама инро улгу  қарор  бидиҳанд. Марҳум  Мутаҳҳарӣ марди мутафаккире буд, олим буд, файласуф буд, фақеҳ буд. Ин хусусиёт дар эшон буд, локин хусусиёти хеле  муҳиму вижагии эшон ин буд, ки ҳам тавлиди фикр мекард ҳам нашри фикр. Нашри фикр хеле муҳим аст . Ин бузургвор  ором ва қарор надошт. Мо дида будем,ки эшон доим дар фикр буд ва доим дағдаға дошт, ки фикри дурусту амиқро нашр диҳад дар мухотабони худ ва як ҷиҳоди нармафзоре ба тамоми маъноро шурӯ карда буд. Дар тӯли солиёни  мутамодӣ ва амвоҷи муҳоҷимро муқобила мекард ва бо онҳо сина ба сина мешуд ва бар онҳо ғалаба мекард . Масала барои ӯ ҳам фақат амвоҷи марксистӣ ва шарқӣ набуд, чӣ тафаккуроти шарқӣ, ки тафаккуроти либералистии ғарбӣ . Мухотаби худашро ҳидоят мекард ва ба онҳо оромиш ва итминон мебахшид дар масири фикри дуруст. 

Мақоми муъаззами раҳбарӣ тасреҳ карданд шаҳид Мутаҳҳарӣ масъулиятшиносу таклифгаро буд . Воқеан  дағдағаи таклиф дошт. Ҳаргиз бекор намонд . Мероси илмии пешинён дар ихтиёри ӯ буд ва худаш  ҳам бар он меафзуду ҳамаи инҳоро дар ихтиёри шогирдонаш қарор медод. Чӣ дар  дарс чӣ дар навиштаҷот ва чӣ дар суханрониҳо ва дидорҳои донишҷӯи  гуногун . Ҳамаи зарфиятҳои ҳавзаи фикр ва илмро ба марҳалаи мавриди ниёз ва ниёзҳои ҷомеа наздик мекард ва мекашонд . Яъне авлавиятҳои ҷомеъа, меъёри талоши ӯ буд . Авлавиятҳои ҷомеъаро худ ташхис медод ва ҳам ин зарфияти фикриро ба он самт мекашонд. 

Раҳбари инқилоб бо таъкид бар ин ки ҷомеаи арзишманди муаллими мо инро бояд сарлавҳаи худ қарор диҳад, унвон карданд кори муаллим  интиқоли мероси гузашта ба насли баъд аст . Бояд бо маҳорат  тамоми инҳоро ба насли баъдии худ мунтақил кунад ва бояд шогирдоншонро аҳли фикр бор биоваранд . Ин масъулият  вазнин асту эҳсоси масъулияти зиёде ниёз дорад. Ҳамчунин тавваҷӯҳ дошта бошанд муаллимин, ки аз фикри мухотаби худашон, донишомӯз, донишҷӯ ва талаба ва ғайра, аз фикри ӯ сиёнат кунанд . 
  
  
  
  Бештар бихонед :