Сайф: Фаъолияти бонкҳои Эрон мутобиқ бо усули байалмилалӣ аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i6748-Сайф_Фаъолияти_бонкҳои_Эрон_мутобиқ_бо_усули_байалмилалӣ_аст
Раиси кулли Бонки марказии ҷумҳурии исломии Эрон, фаъолиятҳои бонкҳои Эронро мутобиқ бо усулу чорчубҳои байналмилалӣ донист.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 26, 2016 12:00 Asia/Dushanbe
  • Сайф: Фаъолияти бонкҳои Эрон мутобиқ бо усули байалмилалӣ аст

Раиси кулли Бонки марказии ҷумҳурии исломии Эрон, фаъолиятҳои бонкҳои Эронро мутобиқ бо усулу чорчубҳои байналмилалӣ донист.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Валиаллоҳи Сайф, раиси кулли Бонки марказии Эрон имрӯз дар "нахустин иҷлоси сармоягузорӣ дар Эрон" дар Сингапур бо баршумурдани вижагиҳо ва зарфиятҳои иқтисодии Эрон гуфт: Эрон бахши бонкии бузургу тавонманде бо таҷрубиёти байналмилалӣ дорад ва фаъолиятҳои бонкии он шаффоф ва мутобиқи беҳтарин иқдомоти байналмилалӣ аст .

Сайф ҳадаф аз баргузории Иҷлоси "Сармоягузорӣ дар Эрон" дар Сингапурро баррасии роҳҳои сармоягузорӣ ва касбу кор дар Эрон донист в афзуд: Ҷумҳурии исломӣ бо доро будани ҷамъияти 80 миллионӣ, нерӯи кори моҳир ва таҳсилкарда, теъдоди донишҷӯёни донишгоҳӣ, ақвоми бисёр мутанаввиъ, адёни мухталиф ва фарҳанги ғанӣ, кишваре мунҳасир ба фард дар минтақа баҳисоб меояд .

Сайф таъкид кард: Қонуни тақвият ва ҳимоят аз сармоягузории хориҷӣ чорчубе қонунӣ барои муҳофизат аз сармоягузории хориҷиёни алоқаманд ба сармоягузорӣ дар Эрон фароҳам мекунад.