Июн 02, 2021 21:47 Asia/Dushanbe
  • Имзои тафоҳумномаи ҳамкории вазирони дохилии Эрон ва Тоҷикистон

Вазирони дохилаи Эрон ва Тоҷикистон тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо карданд.

Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи хабаргузории донишҷӯёни Эрон (ИСНА), бо имзои тафоҳумнома байни вазирони кишвари Эрону Тоҷикистон, ҳамкориҳои ҳавзаи мубориза бо ҷароими созмонёфта, ифротгарӣ ва тероризм, қочоқи маводи мухаддир, омӯзиши полис, интиқоли таҷрибиёт, табодули устоду донишҷӯ ва ҳамчунин дар масъалаи сармоягузориву тиҷорат фаъолиятҳои бештаре байни ду кишвар шуруъ мешавад.

Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ, вазири кишвари Эрон пас аз имзо ва табодули тафоҳумномаи ҳамкорӣ дар гуфтугӯ бо Рамазон Раҳимзода, вазири кишвари Тоҷикистон тасреҳ кард: Қатъан ин тавофуқот дар густариши равобит ва муносибот дар ҳавзаҳои амниятӣ, интизомӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва тиҷорӣ муассир воқеъ хоҳад шуд.

Вазири дохилии Тоҷикистон низ имзои ин тафоҳумномаро мӯҷиби тақвияти ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон дар тамоми ҳавзаҳо донист ва гуфт: Ин тавофуқот пояе барои мустаҳкам шудани равобити ду кишвар дар оянда шавад.

 

Бештар бихонед: