Июн 04, 2021 18:05 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Роҳи ҷуброни нокоромадӣ ва заъфҳои мудириятӣ интихоби дуруст аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба таъкиди ҳамешагии Имом Хумайнӣ (раҳ) дар бораи зарурати ширкати ҳамаи мардум дар интихобот, интихоби фарде шоистаро роҳи ҳалли нобасомониҳо ва мушкилот хонданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ субҳи имрӯз (ҷумъа), дар солрӯзи уруҷи малакутии Имом Хумайнӣ (раҳ) дар суханоне телевизионӣ, бо ишора ба таъкиди ҳамешагии Имом Хумайнӣ дар бораи зарурати ширкати оҳоди мардум дар интихобот, интихоби фарде шоистаро роҳи ҳалли нобасомониҳо ва мушкилот хонданд ва бо баёни нукоте муҳим дар бораи лузуми пойбандии раиси ҷумҳурии оянда ба эҷоди адолати иҷтимоӣ, муборизаи ошкор ва бидуни мулоҳиза бо фасод ва тақвияти тавлиди дохилӣ афзуданд: оҳоди мардум худро ба ширкат дар интихобот ва ташвиқи дигарон ба ин кор мулзам бидонанд.

Эшон бо ишора ба аввали инқилоб ва ҳаҷми бесобиқаи пешбиниҳои мукаррари зиёдахоҳони ҷаҳонӣ мабнӣ бар нобудии думоҳа, шашмоҳа ва ё ҳаддиаксар яксолаи ҷумҳурии исломӣ афзуданд: Салобату қотеияти имом ва пирӯзиҳои дурахшони миллат дар ҷангу масоили дигар, ин ҳамҳамаро камранг кард, аммо баъд аз реҳлати Имом Хумайнӣ душманону бадхоҳон бори дигар ба такрори орзӯи худ мабнӣ бар заволи ҷумҳурии исломӣ пардохтанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоминаӣ бо ишора ба шикасти комили пешгӯиҳои душманон ва иқтидору пешрафту тавсеаи мустамари ҷумҳурии исломӣ афзуданд: Рози пуршукӯҳу ифтихоромези мондагории низоми Имом Хумайнӣ, ҳамроҳии ду калимаи ҷумҳурӣ ва исломӣ аст.

Эшон ибдои назарияи ҷумҳурии исломиро кори бузурги Имом Хумайнӣ хонданд ва афзуданд: Имоми бузургвор, ин назарияро дар арсаи назариёти сиёсии байналмилалӣ ворид кард ва бо қудрати мардум ва маърифати бисёр амиқи худ онро айният бахшед ва муҳаққақ кард.

Раҳбари муаззами инқилоб бо таъкид бар ин ки имом ду калимаи «ҷумҳурӣ» ва «исломӣ», яъне «ҳокимияти Ислом» ва «ҳокимияти мардум» -ро гиреҳкушои ҳама мушкилот медонистанд, афзуданд: Ҳар замон, ки мардум ба кор гирифта шуданд ва меъёрҳои Ислом риоят шуд, пешрафтем ва ҳарҷо ки яке аз ин ду риоят нашуд, пеш нарафтем.

Раҳбари муаззами инқилоб дар бахши поёнии суханонашон як тазаккури зарурии диниву инсонӣ дар бораи масоили пешомада дар ҷараёни адами эҳрози салоҳияти бархе сабтиномкунандагон дар интихобот баён карданд.

Эшон хотирнишон карданд: Ба баъзе аз афроде ки салоҳияташон эҳроз нашуд, зулму ҷафо шуд ва ба онҳо ё хонаводаҳояшон, ки хонаводаҳои муҳтарам ва афифе буданд, нисбатҳои хилоф воқеъ дода шуд, ки баъдан собит шуд, он гузоришҳо ғалат ва хилоф аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба интишори ин маворид дар байни мардум ва дар фазои маҷозӣ раҳо ва бидуни қайду шарт таъкид карданд: Ҳифзи обрӯ ҷузви болотарин ҳуқуқи инсонҳост, бинобарин хоҳишу мутолибаи ман аз дастгоҳҳои масъул ин аст, ки маворидеро ки гузориши хилофи воқеъ роҷеъ ба фарзанд ё хонаводаи касе дода шуда, ҷуброн кунанд.

 

Бештар бихонед: