Оғози шашумин даври музокироти Вена дар бораи БАРҶОМ
(last modified Sat, 12 Jun 2021 09:52:34 GMT )
Июн 12, 2021 14:52 Asia/Dushanbe
  • Оғози шашумин даври музокироти Вена дар бораи БАРҶОМ

Намояндаи Русия дар созмонҳои байналмилалӣ аз оғози даври баъдии музокироти Вена дар бораи БАРҶОМ аз рӯзи шанбе хабар дод.

Михаил Улянов, намояндаи Русия дар созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена, дар твитте навишт: Акнун тайид шуд, ки шашумин даври нишасти расмӣ ва ҳузурии Комиссияи муштараки БАРҶОМ, шанбе 12 июн дар Вена баргузор шавад.

Пойгоҳи сервиси иқдоми хориҷии Иттиҳоди Аврупо низ рӯзи гузашта дар баёнияе эълом кард, ки шанбе музокироти эҳёи тавофуқи ҳастаии Эрон дар Вена, пойтахти Австрия аз сар гирифта хоҳад шуд.

Бар асоси ин баёния, “Бозгашти комили Амрико ба БАРҶОМ” ва “Иҷроӣ кардани комили ин тавофуқ” аз меҳварҳои аслӣ дар нишасти рӯзи шанбе хоҳад буд.

Токунун панҷ даври музокироти миёни Эрон ва аъзои боқимонда дар БАРҶОМ дар бораи эҳёи ин тавофуқ ва бозгашти Амрико ба он баргузор кардаанд.

Амрико дар ҳаштуми майи 2018 якҷониба аз тавофуқи ҳастаии Эрон хориҷ шуд ва корзори фишори ҳаддиаксарӣ алайҳи Эронро ба роҳ андохт.

Бештар бихонед: