Июн 16, 2021 19:58 Asia/Dushanbe
  • Оғози сухани Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо мардуми Эрон

Раҳбари муаззами инқилоб ҳузури мардум дар интихобот қатъан дар рақам задани сарнавишти кишвар таъсиргузор аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар остонаи баргузории сенздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон, бо мардуми Эрон сухан гуфтанд.

Эшон дар ибтидои суханони худ гуфтанд, қатъан рақам задани сарнавишти кишвар ба ҳузури мардум иртибот дорад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд: аввалан каммияти ҳузури мардум ва сипас навъи мушорикат ва интихоби мардум бисёр муҳим аст.

Эшон сиёсӣ будани интихоботро яке аз ҷавониби ҳузури мардум дар ин арса донистанд ва гуфтанд: Асли фалсафаи ҳузури мардум дар низоми ҷумҳурии исломӣ муҳимтар аз бақия аст, ба ҳамин далел душманон аз ибтидои инқилоб тамоми қудрати худро дар хидмати тахриби зеҳнии мардум барои ширкат накардан дар интихобот ва кам шудани шукӯҳи интихобот ба кор гирифтанд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ афзуданд: Дар ҳеч куҷои олам наметавон кишвареро пайдо кард, ки интихоботаш ин қадар ҳассос бошад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба ин ки ҳадафи аслии душман фосила гирифтани мардум аз низоми исломӣ аст, афзуданд: Албатта, матни мардум ба ҳарфи онҳо гӯш намедиҳанд ва инро таҷриба нишон додааст.

Раҳбари муаззами инқилоб гуфтанд: Мардум бо ҳузури пуршӯри худ дар ин арса ба низом обрӯ хоҳанд дод.

Хабар дар ҳоли такмил шудан аст.

 

Барчасп