Июн 17, 2021 13:07 Asia/Dushanbe
  • Раисиҷумҳуре, ки бо раъйи боло интихоб шавад, қавӣ ва қудратманд хоҳад буд
    Раисиҷумҳуре, ки бо раъйи боло интихоб шавад, қавӣ ва қудратманд хоҳад буд

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ таъкид карданд, ҷумҳурият дар низоми исломӣ, бо мушорикати мардум муҳаққақ мешавад ва агар мушорикат дар интихобот поин бошад, душман маҷоли зургӯӣ пайдо мекунад.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ асри чаҳоршанбе дар суханронии телевизионӣ бо мардум дар бораи аҳаммияти интихоботи раёсатҷумҳурӣ тасреҳ карданд, раисиҷумҳуре, ки рӯзи ҷумъа интихоб хоҳад шуд, агар бо раъйи боло интихоб шавад, раиси ҷумҳури қавӣ ва қудратманде хоҳад буд ва корҳои бузурге метавонад бикунад.

Бар асоси андешаҳои имом Хумайнӣ (раҳ), ормонҳои Инқилоби Исломӣ ва қонуни асосӣ, интихоботи масири таҳаққуқи демократия дар низоми мардумсолории Эрон ва низ муҳимтарин асл ва пояи ҷумҳурияти низом ҷумҳурии исломӣ аст.

Интихобот дар Эрон беш аз муаллафаҳои дигари қудрат, ҷойгоҳи мунҳасир ба фарде дар афзоиши рӯзафзуни иқтидори Эрони исломӣ ва ҳифзу тадовуми ҷумҳурият дар низоми исломӣ дорад  Рамзи мондагории низоми Ҷумҳурии исломӣ ҳамин ҳамроҳӣ ва мушорикати ҳаддиаксарии мардум дар саҳнаҳои сарнавиштсози сиёсӣ бавижа интихоботи раёсатҷумҳурӣ аст.

Пуштивонаи мардумӣ барои ҳар низоми сиёсӣ дар ҷаҳон, қудрате шикастнопазир дар баробари тавтеъаи қудратҳои зургӯ аст ва ба ҳамин сабаб пас аз инки Инқилоби Исломӣ дар Эрон бо меҳварият ва иродаи мардум ба пирӯзӣ расид, душманӣ бо ин низоми мардумӣ шуру шуд.

Душманони Инқилоби Исломӣ дар 42 соли гузашта ба ҳар равише мутавассил шуданд то ҳузури маънодори мардум дар саҳнаҳои мухталифи сиёсӣ ва ҳамроҳӣ бо низоми Ҷумҳурии исломиро суст кунанд, аммо ҳамонтавр, ки Раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ таъкид карданд, мардум мисли ҳамеша акси хостаи душман амал хоҳанд кард.

Ҳамроҳии мардум бо низоми Ҷумҳурии исломӣ илова бар инки иқтидори миллӣ ба ҳамроҳ дорад, пуштвонае қудратманд барои эҷоди давлате қавӣ аст то роҳатар корҳои худро бавижа дар арсаи иқтисодӣ пеш бибарад.

Ҳамроҳ шудани ҳаддиаксарии мардум бо сиёсатҳои давлат, иқдомоти хуберо ба пуштвонаи мардумӣ ба ҳамроҳ хоҳад дошт ва метавонад мушкилоти кишварро бо ҳамроҳии мардум ҳал кунад ва ҳатто фишорҳои сиёсӣ ва иқтисодии хориҷиро хунсо хоҳад кард.

Дар ҳамин замина, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон гуфт, мардуми Эрон муассиртарин зомини озодӣ, амният, сарбаландӣ ва пешрафти кишваранд ва мушорикати ҳушмандона ва густардаи мардум дар таъини сарнавишти худ, манофеъи миллиро дар сатҳи ҷаҳонӣ посдорӣ мекунад ва пуштивонаи аслӣ барои таъомули созандаи байналмилалӣ аст.

Мушорикати ҳамаи қишрҳои мардум ва гуруҳҳои мухталифи сиёсӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ, шукуфои демократия ва тадовуми ҷумҳурияти низоми Ҷумҳурии исломӣ дар Эрон нишон медиҳад, ки мардум ба рағми бархе норизоятӣ аз вазъияти мавҷуди иқтисодӣ, аммо барои эътилои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амнияти Эрон ҳамчунон пойи сандуқҳои раъй дар интихобот ҳузур меёбанд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп