Зариф: Ройзанӣ бо мақомоти кишварҳои мухталиф дар маҷмаи дипломатии Анталия натиҷабахш буд
(last modified Sun, 20 Jun 2021 16:16:49 GMT )
Июн 20, 2021 21:16 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Ройзанӣ бо мақомоти кишварҳои мухталиф дар маҷмаи дипломатии Анталия натиҷабахш буд

Вазири умури хориҷаи Эрон ройзаниҳо бо мақомоти кишварҳои мухталиф дар маҷмаи дипломатии Анталияро натиҷабахш донист.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе, пас аз музокирот бо Мавлуди Човушӯғлу, вазири хориҷаи Туркия ва Муҳаммадҳаниф Атмар, вазири хориҷаи Афғонистон дар мусоҳиба бо Хабаргузории садо ва симо гуфт: Маҷмаи дипломатии Анталияи Туркия фурсате муносиб барои баҳс дар бораи мавзӯи Афғонистон, бо ҳузури мақомоти ин кишвар фароҳам кард.

Зариф афзуд: Дар ин иҷлоси сеҷониба барои ташкили коргурӯҳҳои сеҷониба дар бораи мавзӯоти транзит, амниятӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва маводи мухаддир, тасмимгирӣ шуд.

Вазири умури хориҷаи Эрон бо мусбат арзёбӣ кардани раванди дидорҳои дуҷониба бо мақомоти Афғонистон ва дигар кишварҳо, афзуд: Тасмим гирифта шуд, барои ояндаи Афғонистон ва ҳамроҳ кардани ҳамаи гурӯҳҳо, бо тавваҷуҳ ба эҳтиром ба низоми мардумсолорӣ ва қонуни асосии ин кишвар, ҳамкорӣ кунем.

Зариф, маҷмаи дипломатии Анталияро шурӯи хубе барои густариши ҳамкориҳои кишварҳои осиёӣ бо Африқо ва Аврупо унвон ва барои пайгирии муваффақиятомези ин маҷмаъ ибрози умедворӣ кард.

Вазири умури хориҷаи Эрон пас аз иқомати серӯза дар Туркия ва дидорҳои дуҷонибаву сеҷониба бо мақомоти кишварҳои мухталиф ва суханронӣ дар саҳни маҷмаъ, дақоиқе пеш Анталияро ба мақсади Теҳрон тарк кард.

Дар рӯзи поёнии маҷмаи байналмилалии дипломатии Анталияи Туркия, нахустин иҷлоси сеҷонибаи вузарои хориҷаи Эрон, Туркия ва Афғонистон бо мавзӯи масоили минтақаӣ ва пайгирии раванди сулҳи Афғонистон баргузор шуд.

 

Бештар бихонед: