Табрики Раиси ҷумҳурии Ҳинд ба раиси ҷумҳурии мунтахаби Эрон
Раиси Ҷумҳурии Ҳинд "Рам Натҳ Ковинд" дар паёме пирӯзии Ҳуҷҷатул ислом вал муслимин Сайидиброҳим Раисиро ба вай табрик гуфт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, раиси ҷумҳурии Ҳинд зимни табрик ба Ҳуҷҷатул ислом Раисӣ эълом кард, вай итминон дорад таҳти раёсати ҷумҳурии Ҳуҷҷатул ислом Раисӣ равобити Ҳинд ва Эрон ба рушди худ идома хоҳад дод.
Рам Натҳ Ковинд, дар паёми Твитерӣ навишт: итминон дорам равобити дуҷонибаи гарму самимии Ҳинд ва Эрон таҳти масъулияти шумо ба рушди худ идома хоҳад дод.
Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди низ дирӯз дар як паёми табрикӣ ба Ҳуҷҷатул ислом ва муслимин Сайид Иброҳим Раисӣ навишт, ки "ман ба ҳамкорӣ барои таҳкими муносибатҳои ду кишвар алоқаманд ҳастам."
Иброҳим Раисӣ, кандидаи сездаҳумини давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон дар интихоботе, ки ҷумъаи гузашта ( 18 июн ) дар саросари Эрон баргузор шуд, муваффақ ба касби беш аз 17 миллиону 926 ҳазор раъй ( 62 дарсади раъйҳои моҳавза ) шуд ва ба унвони ҳаштумин раиси ҷумҳурии Эрон аз сӯи мардум интихоб шуд.
Шуморе аз раҳбарони ҷаҳон аз Амрикои Лотин, Русия, Туркия, Уммон, Сурия, Покистон, Ироқ, Кувайт ، Арманистон , Узбекистон, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Иморот токунун бо ирсоли паём, пирӯзии Сайидиброҳим Раисиро табрик гуфтанд.
Бештар бихонед: