Июл 02, 2021 17:54 Asia/Dushanbe
  • Тақозои фаровон барои колои эронӣ дар Ҳинд

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҳинд таъкид кард, тақозо барои колои эронӣ дар Ҳинд бисёр афзоиш ёфтааст.

Алии Чигинӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҳинд гуфт, бо тавваҷуҳ ба тақозои фаровони колои эронӣ дар Ҳинд тавлиди муштараки Эрону Ҳинд, яке дигар аз роҳкорҳои афзоиши содироти ғайринафтӣ дар Ҳинд аст.

Вай афзуд, бояд асноди болодасти ҳарчӣ сареътар имзо шавад то имконоту тасҳилоти лозим барои содироти ғайринафтӣ байни ду кишвари Эрону Ҳинд афзоиш ёбад то маҳсӯлоти эронӣ бо ҳаҷми анбӯҳ ва мустақим вориди Ҳинд шавад.

Сафири Эрон дар Ҳинд, ҳамчунин тадовуми парвозҳои мустақим байни ду кишварро дигар омили муҳим барои афзоиши муровидоти тиҷорӣ баён кард.

Ҳинд дувумин бозори бузурги ҷаҳон, бо як миллиарду ҳудӯди 400 миллион нафар ҷамъият аст.

Ҳудӯди 250 миллион нафар аз мардуми Ҳинд, мусулмон ҳастанд, ба ин тартиб Ҳинд дувумин кишвари дорои бештарин ҷамъияти мусулмони ҷаҳон аст.

Ҳузури садҳо ҳазор нафар аз шаҳрвандони афғонистонии муҳоҷир дар шаҳрҳои мухталифи Ҳинд, аз ҷумла Деҳлии Нав, пойтахти ин кишвар мӯҷиби истиқбол ва тавваҷуҳи бештар ба Эрон ва тавлидоти эронӣ шудааст.

 

Барчасп