Июл 02, 2021 19:12 Asia/Dushanbe
  • Тавсеъаи ҳамкориҳои Эрону Русия дар бахши нафт ва энержӣ

Сафири Эрон дар Маскав ва вазири энержии Русия роҳҳои тавсеъаи ҳарчӣ бештари ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи нафту энержиро баррасӣ карданд.

Козими Ҷалолӣ, сафири Эрон дар Маскав рӯзи ҷумъа дар дидор бо Николай Шулгинов, вазири энержии Русия, ки аз тарафи Русия раёсати Комиссиони муштараки иқтисодии Эрон ва Русияро низ бар ӯҳда дорад, бо баёни инки тарҳҳои муҳимме дар заминаи энержӣ байни ду кишвар дар дасти иҷро аст, гуфт, нерӯгоҳи ҳароратии Siric, ба унвони тарҳи азим, танҳо яке пружаҳои муштараки Эрон ва Русия аст.

Сафири Эрон дар Русия ҳамчунин ба оғози тавлиди муштараки ваксини “Спутник – V” дар Эрон, ба унвонии нахустин кишвари минтақа ва шашумин кишвари ҷаҳон ишора кард ва афзуд, равобити ду кишвар дар шароити бисёр хубе аст ва умедворем бо ҳамкории якдигар, рӯз ба рӯз ин муносиботи густариш пайдо кунад.

Вазири энержии Русия низ дар ин дидор бо ишора ба тарҳҳои муштараки ду кишвар дар ҳавзаи нафт, газ, энержӣ, хутути рейлӣ ва энержии сулҳомези ҳастаӣ, ибрози умедворӣ кард, ҳамкориҳои дуҷонибаи Эрону Русия беш аз пеш густариш ёбад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп