Хатибзода : Уқдаҳои зиддиэронӣ ба риёкории шармовари ғарбиҳо доман задааст
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Ҷумҳӯрии исломӣ Эрон гуфт :Ташнагии серинопазир барои пул ва уқдаҳои зиддиэронӣ ба риёкории шармовари ғарбиҳо доман задааст .
Саиди Хатибзода-дар Тветтир навишт : Сиёсатмадорони худфурухтаи ғарбӣ (аз ҷумлаи Помпеои муфтахар ба дуруғгуӣ, тақаллуб ва сирқат ) худро арзон фурӯхта ва дар сирке ба мизбонии Аврупо ширкат кардаанд, ки тавассути як фирқаи террористӣ баргузор шуда, ки замоне мавриди ҳимояти Саддом-диктатори пешини Ироқ буд ва дасташ ба хуни эрониҳо оғуштааст .
Хатибзода : Уқдаҳои зиддиэронӣ ба риёкории шармовари ғарбиҳо доман задааст.
Рӯзнома Вашингтон пост рӯзи ҷумъа аз ҳузури гуруҳе аз аъзои Конгресси Амрико аз ҳар ду ҳизби ҷумҳурихоҳ ва демократ дар нишасти гурӯҳаки террористии мунофиқин, ки ба сурати маҷозӣ баргузор мешавад, хабар дод ва эълом кард Теди Круз- сенатори ҷумҳурихоҳ, Кэвин Маккарти- раҳбари ақаллияти ҷумҳурихоҳи Маҷлиси намояндагони Амрико, сенатор Боби Мнендиз-раиси демократи Кумитаи равобити хориҷии Сенат ва чанд мақоми дигари амрикоӣ дар ин нишаст суханронӣ хоҳанд кард.
Ҳузури фароҳизбии намояндагони Конгресси Амрико дар нишасте, ки дасти асосгузорони он ба хуни миллати Эрон оғуштааст, нишондиҳандаи умқи душмании Вашингтон бо мардум ва низоми Ҷумҳӯрии исломии Эрон аст .
Гурӯҳаки террористии мунофиқин аз ибтидои инқилоби исломӣ то кунун дар амалиёти мухталифи террористӣ беш аз 17 ҳазор шаҳрванди Эрониро террор кардааст.
Ғарб ба вижаи Амрико ва Фаронса ин гурӯҳаки террористӣ ҳимоят мекунанд.
Бештар бихонед:
- Собиқаи тираи гуруҳи террористии Мунофиқин дар террори миллати Эрон
- Мунофиқин, сарбозони бидуни юниформи Амрико