Дидори раиси қувваи қазоияи Эрон бо Оятуллоҳ Систонӣ
(last modified Tue, 01 Nov 2016 12:17:38 GMT )
Ноябр 01, 2016 17:17 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси қувваи қазоияи Эрон бо Оятуллоҳ Систонӣ

Раиси қувваи қазоияи Эрон бо Оятуллоҳ Систонӣ, марҷаи олиқадри шиаёни Ироқ дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Оятуллоҳ Содиқи Омулии Лориҷонӣ, раиси қувваи қазоияи Эрон рӯзи сешанбе дар дидор бо Оятуллоҳ Саид Алии Систонӣ, марҷаи олиқадри шиаён дар Наҷафи Ашраф, ҷануби Ироқ, дар бораи масоили мавриди алоқаи дуҷониба табодули назар кард.

Қарор аст, раиси қувваи қазоияи Эрон ва ҳайъати ҳамроҳ бо бархе аз уламо дар Наҷафи Ашраф дидор кунанд.

Раиси қувваи қазоияи Эрон рӯзҳои якшанбе ва душанбе низ бо Ҳайдар Алъибодӣ, Фуад Маъсум ва Салими Алҷабурӣ, нахуствазир, раисҷумҳур ва раиси Маҷлиси Ироқ дар бораи равобити дуҷониба, таҳаввулоти минтақа ва мубориза бо терроризм дар минтақа ва Ироқ гуфтугӯ кард.

Оятуллоҳ Содиқи Омулии Лориҷонӣ асри шанбе дар садри ҳайъати олирутбаи қазоӣ вориди Ироқ шуд.