Ғарибободӣ: Амрико мехоҳад тавофуқи ҳастаиро барои мушакӣ ва минтақа гаравгон бигирад
(last modified Sat, 31 Jul 2021 13:16:00 GMT )
Июл 31, 2021 18:16 Asia/Dushanbe
  • Ғарибободӣ: Амрико мехоҳад тавофуқи ҳастаиро барои мушакӣ ва минтақа гаравгон бигирад

Сафир ва намояндаи доими Эрон дар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена таъкид кард: Амрико мехоҳад, тавофуқи ҳастаиро барои мушакӣ ва минтақа гаравгон бигирад.

Козими Ғарибободӣ, сафир ва намояндаи доими Эрон дар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена дар гуфтугӯ бо пойгоҳи KHAMENEI.IR гуфт: Амрико ва ғарбиҳо дар музокироти ахир нишон доданд, ҳамчунон ба тафоҳуми ҳастаӣ ба унвони пуле барои вуруд ба соири мавзуоти ғайримуртабит монанди масоили минтақаӣ ва мушакӣ нигоҳ мекунанд.

Ғарибободӣ афзуд: Амрикоиҳо иддао мекунанд, ки омодаанд, ба тааҳҳудоти худ таҳти тафоҳуми ҳастаӣ баргарданд ва таҳримҳои муғойир бо онро бардоранд, аммо рафтори онон дар музокирот инро собит намекунад.

Ба гуфтаи Ғарибободӣ: Амрикоиҳо ҳозир ба лағви дастури иҷрои таҳрими таслеҳоти мутаориф нашуданд, ки комилан бо қатъномаи 2231 Шӯрои амнияти Созмони милал ва БАРҶОМ дар таноқузи ошкор аст ва ба навъе муғойири иддаои Амрико ба баргашти тааҳҳудоти барҷомист.

Сафир ва намояндаи доими Эрон дар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена ҳамчунин гуфт: Ин иқдомот нишондиҳандаи азми ҷиддии давлати ҷадиди Амрико дар истифода аз картаҳои эҷодшуда дар давлати қаблӣ ва ҳамчунин пайгирии сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ алайҳи Эрон аст.