Сарлашкар Саломӣ: Посухҳои мо мухарриб, вайронгар ва пушаймонкунанда аст
(last modified Wed, 04 Aug 2021 12:48:05 GMT )
Август 04, 2021 17:48 Asia/Dushanbe
  • Сарлашкар Саломӣ: Посухҳои мо мухарриб, вайронгар ва пушаймонкунанда аст

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар бораи ҷараёнсозии расонаии душманон гуфт: Душманон бидонанд, ки посухҳои мо мухарриб, вайронгар ва пушаймонкунанда аст.

Сардори сарлашкар Ҳусайни Саломӣ дар мусоҳиба бо Хабаргузории садо ва симо гуфт: Ба дунболи муваффақиятҳои низом душманон хеле талош карданд аз ин иттифоқҳое, ки дар дохили кишвар гоҳе дар баҳси камбуди об ё барқу масоиле монанди ин сӯиистифода кунанд.

Вай таъкид кард: Дар марҳилаи интиқоли давлат ҳастем, ба фарқ аз интиқоли давлате, ки дар Амрико сурат мегирад, ин интиқоли давлат дар Эрон бо виқор, саломат ва оромиш аст ва фароянди сиёсиро пушти сар мегузорем.

Сарлашкар Саломӣ гуфт: Душманон саъй мекунанд барои миллати Эрон як дағдаға дуруст кунанд, аммо ҳушдор медиҳем, аз гузашта дарс бигиранд, 42 сол аст мо бо душманон муқобила мекунем ва имрӯз қавитар аз ҳар замон мусаммамтар ҳам ҳастем.

Фармондеҳи кулли сипоҳ гуфт: Душманон афкору андешаи ботилро аз сарашон берун кунанд, зеро посухҳои мо мухарриб, вайронгар ва пушаймонкунанда аст. Вориди арсаи муқобила бо миллати Эрон нашаванд, зеро мо дар ин ҷо муҳкаму собитқадам ҳастем.