Дипломатияи Теҳрон; Талош барои кӯмак ба гуфтугӯҳои фарогир дар Афғонистон
Сиёсати усӯлии Ҷумҳурии Исломии Эрон кумак ба гуфтугӯҳои фарогир дар Афғонистон аст.
Дар ин росто нишасти маҷозии вазирони умури хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, имрӯз чаҳоршанбе бо меҳварияти Эрон баргузор мешавад.
Аммо ин нишаст аз чӣ аҳаммияте бархӯрдор аст ва ҳамсоягони Афғонистон бадунболи чӣ ибтикору роҳкоре барои поён додан ба танишҳо ва барқарории суботи пойдор дар ин кишвар ҳастанд.
Воқеият ин аст, ки Афғонистон қурбонии мудохила ва ишғолгарии Амрико шуда ва ончӣ аз 20 соли ишғоли Афғонистон боқимонда, ҷангу ноамнӣ аст.
Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидори ахири Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷаи Покистон дар Теҳрон, хурӯҷи Амрико аз Афғонистонро нуқтаи атфе барои таомули ҳамаи ақвому гуруҳҳои афғонистонӣ дар ростои сулҳу амният ва суботи дар Афғонистон донист ва бо радди ҳар гуна рӯйкарди мубтанӣ султагарӣ дар қиболи Афғонистон кард "нақши соири кишварҳо аз ҷумла ҳамсоягон низ сирфан бояд тасҳилкунандаи истиқрори ҳукӯмати фарогиру мушорикате бо ҳузури ҳамаи ақвому гуруҳҳои Афғон бошад.
Аз ин дидгоҳ дар таҳлили таҳаввулоти Афғонистону аҳамияти иҷлоси Теҳрон ду нуктаи ҳоизи аҳаммият вуҷӯд дорад:
Нуктаи нахуст, зарурати иҷтиноб аз ҳар гуна хушунат ва бародаркушӣ аст.
Ахборе ки аз Панҷшери Афғонистон мабнӣ бар шаҳодати раҳбарони афғонистонӣ мерасад, мояи таассуфу нигаронкунандае аст.
Нуктаи дувум, зарурати тавваҷуҳ ба мушкилоти мардуми Афғонистон аст.
Интизор меравад, вазирони умури хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бо паёме равшану қавӣ дар ташкили давлате фарогир, аз мардуми Афғонистон дар шароити кунӯнӣ ҳимоят кунанд.
Бадеҳист, ки Теҳрон барои кумак ба барқарории сулҳу амният дар Афғонистон омодаи ҳамкорӣ дар чорчӯби дипломатияи минтақаӣ ва байналмилалист ва дар ин ҷиҳат барои поён додан ба мушкилоти мардуми Афғонистону ташкили давлати фарогир, ки бозтобдиҳандаи таркиби қавмиятӣ ва ҷамъиятии ин кишвар бошад, талош мекунад.
Саъиди Хатибзода, сухангӯи дастгоҳи дипломатии Эрон дар ин замина бо таъкид бар инки Панҷшер танҳо роҳи ҳалли сиёсӣ дорад ва муҳосираи Панҷшер ба ҳеҷ ваҷҳ аз назари ҳуқуқи байналмилал ва ҳуқуқи башардӯстона қобил пазириш нест, ҳар навъ дахолати хориҷӣ дар ин кишварро маҳкӯму хотирнишон мекунад, дӯстоне ки хатои роҳбурдӣ мекунанд мутаваҷҷеҳ шаванд ҷуғрофиёи Афғонистон ҷуғрофиёе мардумӣ аст, ки барои берун рондани неруҳои хориҷӣ ҷангидаанд.
Вай ҳамчунин гуруснагӣ додан ба мардуми Панҷшер, муҳосира ва қатъи обу барқи ин минтақаро мояи нигаронӣ донист ва аз Толибон хост ба тааҳҳудоти худ ва ҳар ончӣ ки пештар гуфтаанд, пойбанд бошад.
Ончӣ мусаллам аст, сулҳу оромиш дар ин сарзамин танҳо аз масири орои мардум ва ташкили давлате фарогир бо мушорикати ҳамаи ақвом муҳаққақ хоҳад шуд. Афғонистон дар шароити феълӣ роҳе ҷуз гуфтугӯ ва расидан ба тафоҳум байни ҳамаи гуруҳҳо ва ақвом надорад. Ҷумҳурии Исломии Эрон бар ин асос муътақид аст, ки дар бораи сарнавишти Афғонистон бояд худи афғонистониҳо тасмим бигиранд.