Ноябр 07, 2016 09:57 Asia/Dushanbe
  • Вазорати хориҷаи Эрон пайгири вазъияти маҷруҳони инфиҷори Сомиррои Ироқ

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон аз пайгирии ин вазоратхона дар бораи вазъияти маҷруҳони эронии инфиҷорҳои террористӣ дар шаҳри Сомиррои Ироқ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Баҳроми Қосимӣ якшанбе шаб бо маҳкум кардани дубораи амалиёти террористӣ дар паркинги ҳарами имом Ҳодӣ (а) ва Ҳасани Аскарӣ (а) –даҳумин ва ёздаҳумин имоми шиаён дар Сомиррои Ироқ аз интиқоли захмиҳои ин ҳамалоти террористӣ ба бемористонҳои шаҳри Козимин ин кишвар хабар дод.

Қосимӣ гуфт, пайкари 10 шаҳиди ин ҷиноят низ баъд аз таи мароҳили қонунӣ ба Бағдод интиқол хоҳад ёфт ва сипас вориди Эрон мешавад.

Муҳаммадҷаводи Доншиёр, намояндаи Созмони ҳаҷ ва зиёрати Эрон дар Ироқ, теъдоди шаҳидони эронии инфиҷорҳои террористии рӯзи якшанбе дар Сомирроро 10 нафар ва маҷруҳонро 61 нафар эълом кард.

Бадунболи шикастҳои пай дар паи гурӯҳи террористии ДИИШ дар амалиёти озодсозии Мусил, аносури ДИИШ таҳаррукоти террористии худро дар Ироқ афзоиш дода ва ба куштори ғайринизомиён рӯй овардаанд.