Паёми таслияти Раҳбари инқилоб дар пайи даргузашти оятуллоҳ Ҳасанзодаи омулӣ
(last modified Sun, 26 Sep 2021 05:28:56 GMT )
Сентябр 26, 2021 10:28 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти Раҳбари инқилоб дар пайи даргузашти оятуллоҳ Ҳасанзодаи омулӣ

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар паёме даргузашти олими раббонӣ ва солики тавҳидӣ оятуллоҳ оқои Ҳасанзодаи омулиро таслият гуфтанд .

Ба гузориши ИСНА, матни паёми Раҳбари инқилоби исломӣ ба ин шарҳ аст :
Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим
Бо таъассуф хабари даргузашти олими раббонӣ ва солики тавҳидӣ оятуллоҳ оқои Ҳасанзодаи омулӣ(р)-ро дарёфт кардам. Ин рӯҳони донишманду зуфунун аз ҷумлаи чеҳраҳои нодиру фохире буд, ки намунаҳои маъдуде аз онон дар ҳар давра чашму дили ошноёнро менавозад ва тавъаман донишу маърифат ва ақлу дили ононро баҳраманд месозад . Навиштаҳову маншаоти ин бузургвор манбаи пурфайзе барои дӯстдорони маориф ва латоиф буда ва хоҳад будншоаллоҳ . Инҷониб ба ҳамаи дӯстону шогирдон ва иродатмандони эшон бавижа ба мардуми муъмину инқилобии Омул ва ҷавонони муштоқе, ки маҷзӯби мавозиъи инқилобӣ ва хулқиёти волои инсонии он марҳум буданд, таслият арз мекунам ва раҳмату мағфират ва улуви дараҷоти эшонро аз Худованди мутаъол масъалат менамоям .

Сайидалии Хоманаӣ 4 меҳри 1400 ( 26 сентябри 2021 )