Афзоиши 18 дарсадии содироти колоҳои контейнирӣ аз бандари шаҳид Раҷоии Эрон
(last modified Sun, 10 Oct 2021 11:01:56 GMT )
Октябр 10, 2021 16:01 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 18 дарсадии содироти колоҳои контейнирӣ аз бандари шаҳид Раҷоии Эрон

Содироти колоҳои контейнирӣ аз бандари шаҳид Раҷоии Ҳурмузгони Эрон дар 6 моҳи гузашта 18 дарсад афзоиш доштааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бандари тиҷории шаҳид Раҷоӣ бо доро будани 10  истгоҳи боргирии контейнерӣ ва ба тӯли 2 ҳазору 500 метр бо баҳрагирӣ аз таҷҳизоти пешрафтаи бандарӣ, муҳимтарин бандари тиҷории Эрон ва яке аз конунҳои муҳими тиҷорати дарёии минтақаӣ ва байналмиллалӣ маҳсуб мешавад .
Бандари шаҳиди Раҷоӣ ба унвони бузургтарин бандари контейнерии Эрон бо зарфияти пазириши солонаи 6,5 миллион контейнер яке аз банодири муҳими минтақаи халиҷи Форс ва баҳри Уммон дар арсаи содирот, транзит ва воридоти коло аст .Бандари тиҷории шаҳиди Раҷоӣ илова бар содироту транзити колоҳо нақши муҳимме дар воридоти колоҳои асосӣ ба Эрон дорад ва имкони ҳамлу нақли рейлӣ аз ин бандар ба манотиқи мухталифи Эрон эҷод шудааст .

Ба гуфтаи Алиризо Муҳаммадии Караҷирон, мудири кулли банодиру дарёнавардии устони Ҳурмузгон дар 6 моҳаи гузашта 1 миллиону 556 ҳазору 63 тон колои асосӣ дар бандари шаҳиди Раҷоӣ тахлия шуда, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта  44 дарсад афзоиш доштааст .