Оғози конфронси байналмилалии Ваҳдати исломӣ дар Теҳрон
(last modified Tue, 19 Oct 2021 07:28:23 GMT )
Октябр 19, 2021 12:28 Asia/Dushanbe
  • Оғози конфронси байналмилалии Ваҳдати исломӣ дар Теҳрон

Сивупанҷумин конфронси байналмилалии Ваҳдати исломӣ бо шиори «Иттиҳоди ислом; сулҳ ва парҳез аз тафриқа» оғоз шуд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, сивупанҷумин конфронси байналмилалии Ваҳдати исломӣ имрӯз, сешанбе бо шиори «Иттиҳоди исломӣ; сулҳ ва парҳез аз тафриқаву низоъ дар ҷаҳони Ислом» бо суханронии Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар Теҳрон оғоз шуд.

Ин конфронс панҷрӯза аст ва ба далели риояти шеваномаҳои муртабит бо корона, меҳмононе аз Эрон ва 39 кишвари ҷаҳон ба сурати маҷозӣ ва ҳузурӣ дар он ширкат мекунанд.

Дар ойини ифтитоҳияи ин конфронс, илова бар раиси Ҷумҳурии исломии Эрон, Зиёд Нахола, дабири Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин, Одил Абдулмаҳдӣ, нахуствазири собиқи Ироқ, Азиз Ҳасанович, муфтии Хорватия, Халил Алҳалия, муовини байналмилалии ҲАМОС, Буабдуллоҳ Буғуломуллоҳ, раиси маҷлиси Алҷазоир ва теъдоде дигар аз андешмандони ҷаҳони Ислом суханронӣ мекунанд.

Дар маросими имрӯз аз китоби «Мувассаъат-ул-алъаллома» -и шайх Тасхирӣ рӯнамоӣ мешавад.

 

Бештар бихонед: