Октябр 19, 2021 14:43 Asia/Dushanbe

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон гуфт: Бо шаҳодати фармондеҳони бузурге ҳамчун Ҳоҷи Қосим, осори пирӯзӣ дар ҷабҳаи муқовимат ва шикаст дар ҷабҳаи истикбор намоён аст.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симои маркази Кирмон, сарлашкар Саломӣ дар гулзори шуҳадои Кирмон гуфт: Роҳу масири фармондеҳони бузурге ҳамчун сардор Ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ мутаваққиф намешавад ва тавассути пайравонаш ба хубӣ дунбол хоҳад шуд.

Сардор Саломӣ барои арзёбии вазъияти тавони размии ягонҳои мустақар дар устон ва ҳамчунин ифтитоҳи чандин тарҳи обрасонӣ ва ба самарнишастаи маҳрумиятзудоӣ ба устони Кирмон сафар кард.