Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон: Ҳоҷи Қосим ҳанӯз ҳам зинда аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i75704-Фармондеҳи_кулли_Сипоҳи_посдорон_Ҳоҷи_Қосим_ҳанӯз_ҳам_зинда_аст
Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон гуфт: Бо шаҳодати фармондеҳони бузурге ҳамчун Ҳоҷи Қосим, осори пирӯзӣ дар ҷабҳаи муқовимат ва шикаст дар ҷабҳаи истикбор намоён аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 19, 2021 11:13 Asia/Dushanbe

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон гуфт: Бо шаҳодати фармондеҳони бузурге ҳамчун Ҳоҷи Қосим, осори пирӯзӣ дар ҷабҳаи муқовимат ва шикаст дар ҷабҳаи истикбор намоён аст.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симои маркази Кирмон, сарлашкар Саломӣ дар гулзори шуҳадои Кирмон гуфт: Роҳу масири фармондеҳони бузурге ҳамчун сардор Ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ мутаваққиф намешавад ва тавассути пайравонаш ба хубӣ дунбол хоҳад шуд.

Сардор Саломӣ барои арзёбии вазъияти тавони размии ягонҳои мустақар дар устон ва ҳамчунин ифтитоҳи чандин тарҳи обрасонӣ ва ба самарнишастаи маҳрумиятзудоӣ ба устони Кирмон сафар кард.