Бозгушоии маъбари кулабарӣ дар марзи Мирҷова
(last modified Sat, 23 Oct 2021 05:53:47 GMT )
Октябр 23, 2021 10:53 Asia/Dushanbe
  • Бозгушоии маъбари кулабарӣ дар марзи Мирҷова

Фармондори Мирҷова, устони Систон ва Балучистон (ҷануби шарқи Эрон) аз бозгушоии маъбар кулабарӣ дар марзи Мирҷова хабар дод.

Маҳмуди Амириён, фармондори Мирҷова бо ишора ба бозгушоии ин маъбар афзуд, ин маъбар пас аз 10  моҳ бозгушоӣ шудааст ва 3 ҳазор нафар аз дар ин бозорчаи марзӣ машғули фаъолият ҳастанд.

Амириён ҳамчунин бо баёни инки содирот аз поёнаи марзии Мирҷова ба Покистон дар 6 моҳаи аввали имсол (1400 шамсӣ) 51 дарсад афзоиш ёфтааст, гуфт, дар ин муддат наздик ба 500 ҳазор тон коло аз ин поёна ба кишвари Покистон содир шудааст.

Вай бо эъломи инки рӯзона 200 мошини борбар аз ин марз бо риояти шеваномаҳои беҳдоштӣ тараддуд мекунанд, афзуд, умдаи колоҳои содиротӣ аз ин марз, оҳанолот, писта, хурмо, фарш,гази мойеъ ва қир (мум) аст.