Октябр 28, 2021 16:00 Asia/Dushanbe
  • Тафоҳумномаи ҳамкориҳои муштараки рейлии Эрону Туркманистон

Мудир омили Ширкати роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон, тафоҳумномаи ҳамкориҳои муштараки рейлӣ бо раиси Ожонси роҳи оҳани Туркманистон имзо кард.

Саидмиоди Солеҳӣ "тафоҳумномаи ҳамкориҳои муштараки рейлӣ" бо Озод Атамуродов, раиси Ожонси роҳи оҳани Туркманистон имзо кард. Тавсеаи содироту тронзит, афзоиши ду баробарии мубодила ва пазириши вагон аз марзи рейлии Сарахс, шурӯи муҷаддади фаъолияти марзи Ортиқ – Лутфобод, баргузории ҷаласоти муштарак байни намояндагони роҳи оҳани ду кишвар аз мавориди матраҳ шуда дар санади ҳамкории байни ду кишвари Эрону Туркманистон буд. Иҷрои ин санад, тавсеаи ҳамкориҳо, афзоиши ҳаҷми мубодилоти коло, тавсеаи ҳамлу нақли рейлӣ ва равнақи иқтисодии ду кишварро ба дунбол дорад. Шонздаҳумин иҷлоси Комиссиони муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, бозаргонӣ, илмӣ ва фарҳангӣ байни Эрону Туркманистон, бо имзои ду санади ҳамкорӣ дар Вазорати роҳу шаҳрсозӣ, ба кори худ поён дод.

 

Барчасп