Ноябр 02, 2021 10:41 Asia/Dushanbe
  • Хатибзода: Вазифаи Байден аст ҷомеаи байналмилалро қонеъ кунад ки имзояш маъно дорад

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон бомдоди сешанбе дар Твиттер навишт: Ин масъулияти Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрикост, ки ҷомеаи байналмилал, аз ҷумла тамоми аъзои БарҶомро қонеъ кунад, ки имзояш воқеан маъное дорад.

Ба гузориши ИРНА, Саиди Хатибзода дар вокуниш ба твитти ахири Тед Круз (Ted Cruz), намояндаи ҷумҳурихоҳи маҷлиси сенати Амрико дар Твиттер навишт: Ҷаҳон комилан ба он чӣ Тед Круз эътироф мекунад, воқиф аст: ин ки режимҳо дар Вашингтон саркаш ҳастанд.

Хатибзода бо баёни ин ки ин масъулияти раис ҷумҳурии Амрикост, ки ҷомеаи байналмилал, аз ҷумла тамоми аъзои БарҶомро қонеъ кунад, ки имзояш воқеан маъное дорад, афзуд: Ин амр мусталзими тазминҳои айнӣ аст ва ҳеч кас чизе камтар аз инро намепазирад.

Тед Круз, сенатори иёлати Техаси Амрико рӯзи душанбе дар Твиттер дар вокуниш ба ваъдаи раиси ҷумҳурии ин кишвар мабнӣ бар адами хуруҷи дубораи Вашингтон аз БарҶом эълом кард, Байден ихтиёри қонунии додани чунин тааҳҳудеро надорад.

Тед Круз дар ин паём гуфт: Ҳар тавофуқе бо Эрон агар аз сӯи сенат таъйид нашавад, баъдҳо аз сӯи раиси ҷумҳурме, ки ҷумҳурихоҳ бошад, пора хоҳад шуд.

Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак ё Барҷом тавофуқе аст, ки соли 2015 миёни Эрон аз як сӯ ва гуруҳи 1 + 5 (шомили 5 узви доими Шӯрои амнияти Созмони Милал ба иловаи Олмон) ҳосил ва аз январи 2016 амалӣ шуд, аммо Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии пешини Амрико сешанбеи 8 майи 2018 ба таври якҷониба бо нақзи тааҳҳудоти Вашингтон зайли БарҶом ба мушорикати кишвараш дар ин тавофуқи байналмилалӣ поён дод ва терроризми иқтисодиро бо ҳадафи фишори ҳаддиаксарӣ алайҳи мардуми Эрон эъмол кард.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп