Декабр 03, 2021 19:47 Asia/Dushanbe
  • Боррел ва Амир Абдуллоҳиён фазои музокироти Венаро мусбат арзёбӣ карданд

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва вазири умури хориҷаи Эрон дар як гуфтугӯи телефонӣ фазои музокироти лағви таҳримҳо дар Венаро мусбат арзёбӣ карданд.

Ба гузориши ИРНА субҳи рӯзи ҷумъа Ҷозеп Боррел (Josep Borrell), масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва ҳамоҳангкунандаи музокироти Вена дар тамоси телефонӣ бо вазири хориҷаи Эрон дар хусуси раванди музокирот ройзанӣ кард.

Ҳамоҳангкунандаи музокироти Вена талоши Олмон, Чин, Русия, Фаронса, Англия ва ба вижа Ҷумҳурии исломии Эронро барои расидан ба тафоҳум дар Вена муҳим донист ва гуфт: Ба Энрике Мора (Enrique Mora), дабири кулли Хадамоти иқдоми хориҷии Иттиҳоди Аврупо таъкид кардаам, ки дар иртиботи созандаву фаъол бо музокиракунандаи аршади эронӣ ва ҳамаи ҳайатҳо барои расидан ба тавофуқ талош кунад.

Ҳусайни Амир Абдуллоҳиён ҳам дар ин гуфтугӯи телефонӣ, раванди музокиротро дар маҷмуъ хуб, аммо кунд донист ва гуфт: Ҳайати эронӣ бо ҳусни ният, ихтиёроти лозим ва ибтикороти дастёфтанӣ ва рӯ ба пеш, ба шакле фаъол дар мизи музокирот ҳузур дорад.

Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард, дар ҳар музокира ва иқдоме поён додани комил ба таҳримҳои ноқизи БарҶом ҳадафи мушорикати мост.

Амир Абдуллоҳиён бо таъкид бар пойбандии Ҷумҳурии исломии Эрон ба ҳамкории фаннӣ бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ афзуд: Илова бар музокирот ва дидорҳои Алии Боқирӣ, музокиракунандаи аршади Эрон, коршиносони эронӣ низ дар қолаби Кумитаи хотимаи таҳримҳову кумитаи ҳастаӣ дар ҳоли музокироти фаннӣ ва тахассусӣ бо 4+1 ҳастанд.

Ҳайати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Вена 2 санади пешниҳодии худро дар қолаби ду мавзуи лағви таҳримҳои золимона ва масоили ҳастаӣ таҳвили гуруҳи 4+1 дар музокироти Вена додааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп