Фаъолиятҳои ҳастаии Эрон бояд идома дошта бошад
Муовини сиёсии вазири умӯри хориҷаи Эрон таъкид кард : Фаъолиятҳои ҳастаии Эрон бояд идома дошта бошад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Алӣ Боқирии Канӣ-муовини сиёсии вазири умӯри хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии Алҷазира бо ишора ба инки Амрико ду асли тазмин додан ва ростиозмоиро дар шаш даври музокироти Барҷом пазируфта буд, гуфт : Тамоми таҳримҳое ки марбут ба тавофуқи ҳастаӣ аст ва тамоми таҳримҳое, ки таҳти корзори « фишори ҳаддиаксари »и Амрико ҷорӣ шуда ё бозгардонда шуданд, бояд фавран бекор шаванд .
Муовини сиёсии вазири умӯри хориҷаи Эрон афзуд : Дар тарҳҳое ки ба тарафи муқобил ироа кардаем ҷиддӣ ҳастем.
Боқирии Канӣ хотирнишон кард : Бо ин тарҳҳо азми ҷиддӣ барои расидан ба як тавофуқро нишон додем; тарҳҳое ки ироа кардаем рӯйи мизи тарафи муқобили музокирот аст ва қарор аст посух диҳанд, албатта посухе ки бо нишонаҳо ва бо далелҳои мантиқӣ ҳамроҳ бошад .
Муовини сиёсии вазири умӯри хориҷаи Эрон тасреҳ кард : Тарҳҳое, ки Эрон пешниҳод додааст устувор бар тавофуқи ҳастаии соли 2015 ҳастанд .
Боқирии Канӣ дар идома гуфт : Ҳатто кишваре, ки аз тавофуқ хориҷ шуда буд ҳам моил ба бозгашт ба тавофуқ аст ва дар асл кишварҳое ки ҳануз узви Барҷом ҳастанд намехоҳанд ин санади ҳастаиро аз байн бибаранд.
Муовини вазири умӯри хориҷаи Эрон бо ироаи тавзеҳоте дар бораи гузориши ҷадиди Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ дар бораи Эрон ва бархе иддаоҳо дар бораи ин ки Эрон дар ҳоли ғанисозии 90 дарсадии уран аст, гуфт : Хабари ғанисозии 90 дарсадиро расонаҳо ва манобеи саҳюнистӣ мунташир карданд ва чунин хабареро ба таври фаврӣ олитарин мақоми Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ, ки мудири кулли он аст,рад кард .
Боқирии Канӣ дар посух ба ин суол, ки агар режими саҳюнистӣ тасмим бигирад ба таъсисоти ҳастаии Эрон ҳамла кунад, чӣ иттифоқе рӯй хоҳад дод?, гуфт : Саҳюнистҳо бояд хоби ҳамла ба Эронро бибинанд ва агар ба ин хоб бираванд, ҳеҷ гоҳ аз он бедор нахоҳанд шуд .