Таҳлил: Гомҳои Иморот барои беҳбуди равобит бо Эрон
Мушовири амнияти миллии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар сафаре якрӯза ба Теҳрон бо мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз ҷумла раисиҷумҳурӣ ва дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дидор ва дар бораи равобити ду кишвар гуфтугӯ кард.
Саидиброҳими Раисӣ, раисиҷумҳурии Эрон дар ин дидор тасреҳ кард: Равобити ҳасана бо кишварҳои минтақа аз авлавиятҳои сиёсати хориҷӣ дар давлати ҷадиди Эрон аст ва ба ҳамин далел аз тавсеаи равобит бо Иморот истиқбол мекунем.
Шайх Таҳнун бин Заид Ол Наҳён (Tahnoun bin Zayed Al Nahyan), мушовири амнияти миллии Иморот низ гуфт: Мо фарзандони ин минтақа ҳастем ва як сарнавишт дорем, лизо тавсеаи равобити ду кишвар дар дастури кори мо қарор дорад.
Вай дар дидор бо Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон низ гуфт: Эрон ба унвони кишваре бузург ва қудратманд дар минтақа дорои мавқеъияти мунҳасир бафарди геополитикӣ ва шоҳроҳи иртиботи шарқу ғарби ҷаҳон аст.
Ин нахустин сафари як мақоми олирутбаи иморотӣ ба Теҳрон пас аз бурузи бархе танишҳо дар равобити Эрон бо кишварҳои Имороту Арабистон дар соли 1395 шамсӣ (2016 милодӣ) аст. Дар моҳҳои ахир Иморот талошҳои густардае барои мутавозинсозии сиёсати хориҷии худ ва наздик шудан ба Эрон ва муттаҳидонаш, аз ҷумла Сурия дар пеш гирифтааст. Вазири умӯри хориҷаи Иморот ҳафтаи гузашта ба Сурия сафар ва бо Башор Асад, раисиҷумҳури ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.
Таъомулоти дипломатии Эрону Иморот низ дар моҳҳои ахир бо вуҷӯди бархе парвандаҳои ихтилофӣ дар заминаҳои сиёсӣ ва минтақаӣ, афзоиш ёфта, ки нишондиҳандаи тасмими ин ду кишвари ҳамсоя барои беҳбӯд муносибот аст; ду тараф хоҳони он ҳастанд, ки равобитро ба гӯнае мудирият кунанд, ки аз афзоиши таниш ҷилавгирӣ шавад ва аз зарфиятҳои мавҷӯд дар ду кишвар бавижа дар заминаи тиҷорӣ ва иқтисодӣ истифода кунанд.
Дар таърихи равобити деринаи Эрону Иморот, равобити иқтисодӣ аз муҳимтарин унсури пайванддиҳанда дар муносиботи ду тараф будааст ва аз ҳамин рӯ, ҳатто дар бадтарин шароити таҳримӣ ва коҳиши равобити сиёсӣ, Иморот дар ҳавзаи тиҷорат ҳамчунон ҷузви 5 кишвари аввали шарикони тиҷории Эрон будааст. Зарфиятҳои иқтисодии қобили мубодила миёни ду кишвар дар ҳавзаҳои транзитӣ, энержӣ, ҳамлу нақл, беҳдошт ва дармон ва сармоягузорӣ бисёр густардааст; пешбинӣ мешавад дар соли 2022 ҳаҷми мубодилоти ду кишвар ба 20 миллиарддоллар ва то панҷ соли баъд аз он ба 30 миллиарддоллар бирасад.
Аз дигар авомили муассир, ки зарурати ҳамкории Эрону Иморотро бештар намоён мекунад, талош барои рафъи буҳронҳои амниятӣ дар ҷавомеи исломӣ аст, ки бештар ба далели мудохилаи кишварҳои фароминтақаӣ бавуҷӯд омадааст.
Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрии олии амнияти миллии Эрон бо ишора ба ин мавзӯ дар дидори мушовири амнияти миллии Иморот таъкид кард: Танҳо дар сояи ҳамкории кишварҳои минтақа субот ва амнияти пойдор барқарор мешавад.
Бадеҳист, манофеи Эрону Иморот ба унвони ду кишвари ҳамсоя дар ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ, ниёзманди беҳбуд ва густариши муносиботи дуҷониба ва минтақаӣ аст ва баназар мерасад, мақомоти иморотӣ низ ба ин натиҷа расидаанд, ки бояд тағйироте дар бархе рӯйкардҳои пешини худ эҷод ва дар ҷиҳати ҳамгароии минтақаӣ талош кунанд.
Муҳаммадмаҳди Мазоҳирӣ, коршиноси умӯри сиёсӣ дар ин бора мегуяд, Иморот ба вузӯҳ дарёфтааст, ки дигар аз ҳимоятҳои Амрико ба унвони қудрати фароминтақаӣ, хабаре нест; бинобар ин Иморот низ бояд монанди соири кишварҳои арабии Халиҷи Форс раъсан ба фикри созу корҳое барои танзиму беҳбӯди равобит бо кишварҳои ҳамсоя худ бошад.
Бештар бихонед: