Даври ҳаштуми музокироти Эрон ва 4 +1 ; имрӯз
Даври ҳаштуми гуфтгӯҳои намояндагони Эрон ва 4 +1 имрӯз душанбе ( 27 декабр ) дар Вена оғоз мешавад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Алӣ Боқирии Канӣ-музокиракунандаи аршади Ҷумҳурии исломии Эрон дар садри ҳайате субҳи душанбе барои ҳузур дар ҳаштумин даври музокироти ҳастаӣ роҳии Вена шуд. Қарор аст ҳаштумин даври музокироти лағви таҳримҳо дар сатҳи муовинони вазирони умури хориҷаи Эрон ва 4 +1 баргузор шавад . Дар ин давр аз гуфтугӯҳо интизор меравад тарафҳои аврупоӣ бо ҷиддияти бештаре бар сари мизи музокирот ҳозир шуда ва бо парҳез аз фазосозии расонаӣ ва таблиғотӣ гомҳои амалӣ барои иҷрои таъаҳҳудоти худ бардоранд.
Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи панҷшанбе хитоб ба тарафҳои ғарбӣ гуфт : Агар мехоҳед нигаронии шумо дар мавзӯи ҳастаии сулҳомези Эрон бартараф шавад, тамоми таҳримҳои барҷомӣ бояд бартараф шавад.
Вазири умури хориҷаи Эрон бо баёни инки Ҷумҳурии исломии Эрон бо мантиқи қавии худ музокиротро то расидан ба тавофуқи хуб идома медиҳад, афзуд : Замоне ки тарафҳои муқобил иродаи ҷиддии худашонро нишон диҳанд, рӯзе аст, ки метавон аз бозгашти ҳамаи тарафҳо ба таъаҳҳудоташон дар Барҷом сухан гуфт .